Саҳми кормандону ҳунармандони Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар рушди санъати миллӣ назаррас аст

Дирӯз дар Муассисаи давлатии вилоятии Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии маркази вилоят ба муносибати 10-солагии таъсисёбии ин боргоҳи ҳунар ҷамъомад баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои судманду ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави пешрафту шукуфоии фарҳанги миллӣ оғоз гардид.

Маҳз дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба густариши фарҳанг ва баланд бардоштани маънавиёти аҳли ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати бунёди иншоотҳои соҳаи фарҳанг тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Таъкид гардид, ки Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо мақсади сарҷамъ намудани аҳли фарҳангу ҳунар, тарбияи ҳисси зебоипарастии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон ва насли наврас, рушди санъати миллии анъанавии тоҷик, эҳё ва омўзонидани санъати рақсӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав таъсис ёфта, кормандону ҳунармандони он тўли даҳ сол аст, ки дар баргузории чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Имрӯзҳо дар Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ҳафт дастаи ҳунарӣ, аз ҷумла дастаҳои ҳунарии рақсии «Чаманоро» бо роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мастона Қурбонова,   «Маҳастӣ» бо роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилуфар Тоҷибоева, «Гулноз» бо роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Амонова, ансамбли созию овозии «Садои Суғд» бо роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Қосимов, оркестри камеравӣ таҳти сарварии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Баротов, оркестри нафасӣ таҳти сарварии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллоев ва дастаи ҳунарии миллии созу навои «Дилнавоз» бо роҳбарии Салимҷон Латифов фаъолият мекунанд, ки дар пешбурди соҳаи фарҳанг ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ ва худшиносии мардум нақши назаррас доранд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандону ҳунармандони Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ҷиҳати амалисозии иқдомҳои хайри адабиву фарҳангӣ, барои ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳангу санъати қадимаи миллати тоҷик, тарбияи ҳунармандони  ҷавону умедбахш, муҳимтар аз ҳама, татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  минбаъд низ хизмати шоиста менамоянд.

Дар охир аз ҷониби дастаҳои ҳунарии Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ консерти ҳисоботӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh