БУЗУРГИИ МОДАРОН ДАР ВАҲДАТ АСТ!

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти унвони «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбобони намоёни ҷамъиятию сиёсӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, фаъолзанон, адибону ҳунармандон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшид. Ӯ қайд кард, ки тӯли се рӯз аст, ки бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корвони модарони ваҳдатсаро дар фазои сулҳу тантанаву сурур дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд табли шодӣ мезананд. Ваҳдати миллӣ ганҷи бебаҳоест, ки тавассути ҷонбозиҳои ҳазорҳо нафар фидоиёни сулҳхоҳу сулҳпарвар ба даст омадааст. Ҳузури меҳмонони пойтахт, аъзоёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои сохториро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт.

- Соли чорум аст, ки чунин Корвони модарони сулҳпарвар бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои бонуфуз доир мегардад, - қайд кард муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш доир гардидани Корвони модарони ваҳдатсаро бори дигар собит месозад, ки бо ҳам омадани занону бонувон баҳри ободӣ, таҳкурсии мустаҳкам барои ояндаи боз ҳам дурахшони сарзамини биҳиштосо мебошад. Мавсуф аз замоне ёдовар шуд, ки хатари пора – пора гардидани сарзамини Тоҷикистон, парешон гаштани миллати тоҷик, ки фоҷиаи асрро мемонд, аз тарки Ватан намудани ҳазорҳо шаҳрвандон ёдовар гашта, зикр кард, ки он ҳамаро баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби Сарвари хирадпеша, имзои Созишномаи Истиқрори сулҳ бартараф сохт ва иродаи мустаҳками Пешвои муаззами миллат буд, ки боз дар кишвари мо сулҳу Ваҳдат ҳукмфармо гардид. Ҳамчунин, Марҳабо Олимӣ оид ба Ваҳдат ва арзишҳои миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон ва дар ин замина хоҳони сулҳ, амну амонӣ, зиндагии осуда будани модарони тоҷик изҳори андеша намуд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Раъно Бобоҷониён дар арафаи ҷашни бузурги таърихӣ – Рӯзи Ваҳдат, ки рӯзи тавҳид, бо ҳам омадани модарони сулҳхоҳу дӯстпарвар аст, ҳамагонро муборакбод намуда, дар бораи ба сарзамини Суғд ташриф овардани бонувон аз шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии Ҳамадонию Фархор, аз Ҷалолиддин Балхиву Восеъ, ки замоне фоҷиаи ҷангро аз сар гузаронидаанд, аз Душанбеву Варзобу Роғун, ки имрӯз дар фазои истиқлолият кору фаъолият доранду орзуву омоли эшон якест - ҷонибдори сулҳу ваҳдат, баҳамешагӣ танинандоз гардидани суруди сурудҳо - «Аллаи модар» ва хизматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат ёдовар шуд.

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зикр кард, муҷиби шодмонист, ки иттиҳоду ваҳдат ба мардуми соҳибтамаддун истиқлол овард ва ин воҷаи муқаддас барои ҳар як модарони сулҳхоҳу сулҳдӯст азиз аст.

Арбоби намоёни ҷамъиятию сиёсӣ, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз, собиқ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова оид ба даврони пешин, шоҳиди воқеаҳои сангину хунин буданаш, ки қалби халқ моломоли дарду ғам буд, митингҳо, вазъияти тира, дар муддати на он қадар тӯлонӣ ҳашт маротиба иваз шудани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамлакатро идора карда натавонистани Ҳукумати муросои миллӣ, баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъ омадани равшанфикрон, интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аввалин суханҳои хирадмандонаи он кас - «ман ба шумо сулҳ меорам» ва ҳоло дар арсаи байналхалқӣ шинохта гардидани Тоҷикистон андеша ронд.

Шоири халқии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, Шоири халқии Тоҷи- кистон Аҳтамзода Шаҳрия ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона қиссаҳо дар бораи расидан ба ин рӯзҳои пур аз нуру сафо, қадам ниҳодан ба сарзамине, ки нобиғагони фарҳангу сиёсатро овардааст, аз мавзеи зебоманзари Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, пазироии мизбонони деҳотҳои дурдаст дар шаҳри Исфара, муҷдаи Ваҳдат, пайки шодибор ва субҳи милоди Ватан – Рӯзи Ваҳдат изҳори назар намуданд.

Раиси шаҳри Бӯстон, номзади илмҳои иқтисодӣ Раъно Ҳошимзода оид ба воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90 - уми асри гузашта, корнамоии Пешвои муаззами миллат, амалисозии Барномаҳои мукаммали миллӣ оид ба сулҳу ваҳдат, сиёсати дарҳои кушод, волоияти қонунҳои амалкунанда, се соли минбаъда эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фикр ронд.

Собиқадори меҳнат, ҳунарманди шинохта Мукаррама Қаюмова чанд пайғоми тозаро аз боби модарони ваҳдатсаро, дастгирии ҳамаҷонибаи бонувони ҳунарманд аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, ширкати занони ҳунарманд дар намоишҳои ҳунарҳои мардумии давлатҳои Швейтсария, дар «Анвои ҳунар» - и Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҷамъоварии беш аз 50 ҳазор нусхаи сӯзанидӯзию гулдӯзии миллати тоҷик, суханронӣ аз минбари волои Созмони Милали Муттаҳид, 38 Шоҳҷоизаи ҷаҳонро соҳиб гардиданаш, иштирок дар Корвони Осиёи Миёна - Аврупои Шарқӣ, таъсиси мағозаи ҳунармандони тоҷик дар Сафия ва Босния, эълони мораторий барои ҳунармандон, Роҳбари Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ таъин гардиданаш, ки дар ҳамаи ин муҷдаҳои нек дастгирии Пешвои муаззами миллат дида мешавад, изҳори назар намуд.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Ғаффорзода кулли меҳмонон – модарони ваҳдатсароро ба сарзамини вилояти Суғд бори дигар хайрамақдам гуфта, аз нақшаҳои минбаъда ёдовар шуд. Аз номи ҷавонон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шаҳноза Қурбонзода оид ба ҷонибдории ҷавонони ояндасоз, дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат изҳори андеша намуд.

Корвони «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст» дар вилояти Суғд идома дорад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh