Рушди деҳот дар кишвар

Бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи дастуру супоришҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи кишвар корҳои ободонӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, ба ҳамин муносибат дар ноҳияи Мастчоҳ пешравиҳо дар самтҳои гуногун дида мешаванд. Вақте шахс ба ин ноҳия ворид мегардад мардумеро мебинад, ки ҳамеша дар меҳнат буда, хеле меҳмондӯстанд. Чуноне, ки Пешвои миллат мегӯянд ҷонсахттар аз мардуми Мастчоҳ мардуме нест.

Соли 2015 вақте, Пешвои миллат ба ноҳияи Мастчоҳ сафар карданд, дар ноҳия якчанд иншоот ба истифода дода шуда буд ва ҳамон вақт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷдаи ташрифи худро боз дар соли 2020 хабар доданд. ҳоло дар ноҳия хурду калон баҳри гулгулшукуфоии миллат бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Масалан, майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон аз тарафи соҳикори саховатпеша сохта ба истифода дода шуд. Кӯдакону наврасони ин маҳалла ба варзиш машғул гардида, обутоб меёбанд. Дар он калонсолон низ метавонанд ба намудҳои гуногуни варзиш машғул гарданд. Албатта, кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат баҳри ҷавонон ва пешбурди кишвар мебошад. Дар ноҳия маҷмуи иншооти пӯшида истода хеле зиёданд. Ба гуфти корманди МИҳД-и ноҳия Мастчоҳ Солеҳиён Шавкат нақша - чорабиниҳо оид ба иншооти сохташаванда бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия беш аз 531 иншоот ба маблағи 477,998 ҳазор сомонӣ дар давоми шаш моҳи соли 2019 ба истифода дода шуд. Мардум барои боз ҳам зебову гулгулшукуфоии ноҳия саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

 Руқиямоҳ БОБОЕВА,
 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh