Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар

Агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷдодии мо сухан меравад ва он ҳама то замони мо омада расидааст. Аз ин бармеояд, ки мардуми тоҷик тeли асрҳои зиёд дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша бо ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд, ки инкишофи ҳисси зебоипарастии инсонро дар бозёфтҳои бостоншиносон, ба монандӣ: кӯзаҳо, табақҳо, ороишоти занона, мусаввараи деворнигораҳо, ки дар он фарҳанги ҳунари меъморӣ ва рассомӣ, ҳамчунин хусусияти рӯзгори маишии мардуми давраҳои қадим инъикос ёфтаанд, пайгирӣ метавон кард.

Ҳунарҳои мардумӣ фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба маҳсули дастии онҳо бояд таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда, мо бояд онҳоро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд.

Сиёсати фарҳангдӯстонаи Сарвари давлат дар самти дастгирии расму оинҳо ва анъанаҳои миллии ниёгон натиҷаи хубро ба бор овардааст. Эҳёи фарҳанги миллӣ дар кулли манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, намунаҳои эҷодиёти бадеии халқ аз ҷумла гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, кандакории рӯи чӯб, кулолгарӣ, гаҷкорӣ ва намудҳои дигари анъанаҳои миллӣ эҳё карда шуданд.

Дар замони муосир ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муассисаҳо, сехҳо, коргоҳҳои ҳунармандон ташкил шудаанд.

 Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ коргоҳи атласу адрасбофӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, мӯҳрадӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Хона-музейи Камоли Хуҷандии “Муассисаи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” низ маркази таълимии атласу адрасбофӣ ташкил шудааст, ки ба бонувони тоҷик ин ҳунари аҷдодӣ омӯзонида мешавад.

 Муҳаррамахон ХОҶАЕВА,
 мудири шуъбаи таърихи
 давраи муосир

Add comment


Security code
Refresh