Назаре ба ёдгории таърихӣ

Олимон дар таҳқиқи таъриху фарҳанг ва кашфу  ҳафриёти ёдгориҳои қадиму асримиёнагии мавзеъҳои сарзамини ноҳияи Ашт хизмати беандоза бузург кардаанд.

Сулаймонқул Азимӣ - таърихшинос қайд намуд, ки солҳои 50-уми асри гузашта бостоншиноси рус Н.И. Веселовский ва аз олимони тоҷик Нӯъмон Неъматов дар натиҷаи тадқиқотҳои хеш муайян намуданд, ки қалъаи Афросиёб таърихи бисёр қадима дорад. Беморхонаи ҳозираи Ҷамоати деҳоти Ашт низ дар натиҷаи ҳамвор кардани Қалъаи Афросиёб ба вуҷуд омадааст. Қалъа дар қадим, вақти ҳуҷуми аҷнабиҳо вазифаи мудофиавиро иҷро менамуд.

Ба қатори ёдгориҳои қадимаи археологӣ  қабристонҳои қадима низ дохил мешаванд. Яке аз онҳо қабристони деҳаи Пискокат мебошад, ки чуқурии он 1 метри мураббаъ, дарозӣ 1 метру 60 сантиметрро дар бар мегирад. Аз қабрҳо миқдори зиёди маснуоти кулолгарӣ, тиру пайконҳо ва дастпона пайдо карда шудаанд.

Бахтовар Темирзода - корманди Осорхонаи миллӣ гуфт, ки дар ёдгориҳои таърихии Хорак, Ғурумсарой, Шигвар, Пискокат қадимтарин нақшҳои рӯисангӣ кашф шудаанд, ки онҳо ба давраи энолит ва асри биринҷ мансубанд. Дар ин тасвирҳо анвои ҳайвонҳои бешагию хонагӣ ва тарзу усули шикор, рондани замин, ҷирмҳои осмонӣ, кайҳон тасвир ёфтааст, ки онҳо аз завқи ин ноҳия шаҳодат медиҳанд.

Бостоншнос Е.Д.Сталовская низ солҳои 60 охири 80-уми асри ХХ ёдгориҳои қадимаи деҳаи Ашт, ба монанди Тӯдаи Калон, Тӯдаи Хурд, Дашти Бодомак, Қабристони Дашти Ашт, Қалъаи Афросиёб ва як силсила қурумҳоро кашфу ҳафр намуда, дар ин мавзӯъ диссертатсияи номзадӣ дифоъ кардааст. Бештар аз чил мақолаи илмӣ таълиф ва ба таърихи гузаштаи мардуми Ашт бахшидааст.

Зимнан қайд намуд, ки ноҳияи Ашт аз ёдгориҳои археологӣ,  санъати меъморӣ, таърихӣ  хеле бой аст.

Рушана ШОМАТОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh