Дар шаҳри қадимаи Саразм ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад

9 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо рафти корҳои бостоншиносӣ дар шаҳри қадимаи Саразм шинос гардиданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, айни замон дар Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” бо роҳбарии ходимони калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш С. Бобомуллоев, А. Раззоқов, Ш. Қурбонов ва бо иштироки тармимгарон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон Р.Бурҳонов, М. Раҳмонов дар ҳафриётҳои ХI, XII, XIII ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад. Дар ҳафриётҳои III, IV ва V бошад корҳои поксозӣ ба анҷом расонида шуда, ҳудуди ҳафриётҳо барои барқарорсозӣ омода карда шуд.

 

Бостоншиносон дар якҷоягӣ бо мутахасиссон инчунин нақшаи топографӣ ва нақшаи генералии ҳудуди ёдгории Саразмро таҳия намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ бозёфтҳои тоза ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз ҳудуди мамнуъгоҳ сафолҳои гуногун ва муҳраҳои қадимӣ пайдо гардид, ки бори дигар аз қадимӣ будани Саразм дарак медиҳад. Худи ҳамин рӯз аз ҳафриётҳои ҳудуди мамнуъгоҳ ханҷари биринҷӣ пайдо гардид, ки ба иттилои олимон хеле қадимӣ маҳсуб меёбад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафар ҳамзамон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ошно гардида, барои дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи сохтмон дастуру супоришҳо доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh