Бояд, ки хешро ба сухан ошно намоем!

- Шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарчашмаву сароғоз, ташаббусу иқдомоти оқилона, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муаззаму маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосбунёду вусъатпазиранд, ки ҳаёти мамлакат, ҷомеа, мардуми софдилу ғайратманди диёр ба ифодаи бадеӣ - адабӣ тозакориҳоро мо чу оина рӯи нуру қаъри зиёбахши дил мебинем. Яъне, маърифат, дониш, ҳувият, асолат ҳар ҷо ҷилвагар гардад, хуш аст, иқбол асту равнақи дигаргун меёбад, рӯзгор давлати дигаргун маъно мегирад, - фикри худро муъҷаз изҳор дошт Аҳмадҷони Раҳматзод – Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. – Ҳамин тадбири миллӣ, ҳамин роҳнамои зиндагӣ ва ин иқдоми бунёдӣ барои мардуми мо – чӣ хурду чӣ бузургсол нақши тафаккур аст, қарину мӯниси китобхонӣ, луғатдонӣ, зеҳннишинии абёту ашъор, насру назм, бо як ифода туҳфаю ҳадяи тақдир гардид, ҳаст ва мемонад.

- Умуман, моро ба шавқ меоварад, завқ мебахшад, ба фазои ҷаҳонбинии бадеӣ фаро мегирад - меҳрубонона, бо муҳаббату фасоҳату сабоҳат.

 Ҳар кас барои иҷрои ин иқдомоти наҷибу пурманфиат ва устуворгардонии ғояи миллӣ, тафаккури миллии хешро дар баҳри китобу шеъру сухан ҳамчу мавҷ эҳсос мекунаду мепиндорад. Сухандониву маъниварзӣ, луғатдониву ҷаҳони каломи бадеӣ ин сайқали ақл, тафаккур, забон ва тарзи гуфтору баён буда, бунёди ҳастӣ аст, оташу сипанди шавқ ва шамъи барафрӯхта бувад. Бо ифодаи дигар нишон ва ҳастии миллат, фарҳангу адабиёт, маърифату ахлоқ пиндошта мешавад.

Дар ин радиф, ба хотир овардани тадбири хоси замони соҳибистиқлолӣ, ки қадами устуворест барои комёбӣ ба кас илҳому саодатмандӣ мебахшад.

Ифодаи «Фурӯғи субҳи доноӣ…» хосатан аз санаи нӯҳуми феврали соли дуҳазору нуздаҳ мантиқу мазмуни нав бардошт, ба таври раҳнамои зебоӣ, сухан, остонаи донишҳои миллӣ ва умумибашарӣ чеҳра гирифт, - баён дошт шоир Аҳмадҷони Раҳматзод.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» Амре ба имзо расониданд, ки бо таъбире – гул ба фарқи мо чу гулбун гардидааст. Яъне, чунин озмуни бонуфуз ва муҳташамро, ки ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаасту имрӯзҳо омодагиву баргузории он дар манотиқи кишвар, аз ҷумла илоятамон – Суғди ҷавоннерӯву маърифатгустар ҷараён дорад, пиру барно метавонанд ширкат варзанд, бо вусъату тантана ва мукофотҳову ҷоизаҳои зиёдаш, китобхонҳову китобдӯстон, ҳаводорони назму наср, завқмандони луғатдонону муштоқони дунёи маъонӣ ёд надоранд.

- Озмуни батамом миллӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ин ормону омоли чандинасраи аҳли илму фарҳанг, халқе, ки соҳиби адабиёти ҳазорсолаест, орзуи ҳазрати бузургмисол Абӯабдуллоҳ Рӯдакиву Фирдавсии бемисл, Исмоили Сомониву Бедилу Саъдиву Ҳофиз, Шоҳину Аҳмади Донишу устод Садриддин Айнӣ, Турсунзодаву Лоҳутӣ ва Лоиқу Фазлиддин Муҳаммадиев амалӣ гашт, - изҳори назар намуд Солеҳбой Кенҷаев – олими забоншинос, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. – Ба ин солҳои наздик ин қадар мукофоту ҷоиза, ҳатто Шоҳҷоизаро китобдӯсти тоҷик, шавқманди каломи ноби тоҷикӣ дар ёд надорад: дувоздаҳ ҷоиза ва ҳар кадоме аз понздаҳ то сӣ ҳазор сомонист, инчунин Шоҳҷоиза муқаррар шудааст, ки панҷоҳ ҳазор сомониро дарбар мегирад. Албатта, дар озмун онҳое сарбаланд хоҳанд шуд, ки асарҳои классикони адабиёти тоҷик, адибони муосир, адабиёти бачагонаро хонда ва аз адабиёти ҷаҳонӣ хабар дошта бошанд. Рӯйхати ин китобҳо ва адибон, ки аксарияташон машҳуру шиносанд, қайд шудааст.

Мегӯянд: - сухан, шуълаи идроки аҳли маънӣ аст. Сухани офоқтоб, ҳадафсоз, асосбунёд дарозумр аст, абадӣ ва ёдгор мемонад солҳову қарнҳо. Ба ин маънӣ шоири бедилшинос Зуфархон Ҷавҳарӣ гуфтааст: Гар сухан набвад чароғи маҷлиси ёдоварӣ, Баъди хомӯшӣ зи хотирҳо фаромӯшем мо.

Ниёгони маърифатпарвари миллати тоҷик дар ҳаёти бошууронаи худ бардавом ба сухан бовар доштанду муҳаббат овардаанд. Асарҳояшон, осорҳояшон, девону ашъорашон боиси ифтихордорист, ки бошуурона ба ҳарфу сухан меҳр бастаанд. Биноан, Қассоб мефармояд: Назди аҳли дил забондонӣ намедонем чист, Ҳар куҷо Қассоб, ҳарфе бигзорад гӯшем мо.

Озмуни дар бузургӣ қиёснопазир чӣ талаботе дорад, иштирокчиёни он ҷиддӣ эътибор диҳанд ва иҷрои онҳоро роҳандозӣ намоянд? Таъкид мешавад, ки иштирокчиёни озмун на камтар аз сад ғазал, яксаду бист рубоӣ ва дубайтӣ, сад мисраъ қасида, сесад мисраъ аз достон ва сад байт аз дигар навъҳои шеъри шоирони классику муосир ва хориҷӣ бояд аз ёд донанд. Асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ ва муосири тоҷик, аз ҷумла, адабиёти қадим, достонҳо, намунаҳои насри ривоятӣ, ҳикоя, навелла, драма, роман, достон, афсона, шеъри бачагона барои хондан пешниҳод шудаанд, ки номгӯяшон зиёд аст.

Озмун ин сабқат, мусобиқа ва азму талош аст барои эътирофдории истеъдод, зеҳн ва қобилияти болиғи ҳар фард – яъне иштирокчӣ, ҳаводори ин ҳамоиши ақлу заковат. Аз ин лиҳоз, ҳамчунин барои иштирокчии он хондану хуб донистан ва баён карда тавонистани мазмуни то панҷоҳ новелла, бист роман, сӣ повест, панҷоҳ асари ёддоштиву хотирот, бист афсона, даҳ асари насри ривоятӣ, даҳ асари дигар ва ба ҳамин миқдор осори адибони ҷаҳон шарт аст.

Ба довталабон барои шарҳи мухтасари асар, донистану шинохтани қаҳрамонони он, баёни лаҳзаҳои ҷолиб, озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровӣ ва наққолӣ, қобилияти луғатдонӣ, дарки дурусти мазмуни китоб ва таассуроти бардошташуда баҳо дода мешавад.

Зикр карда мешавад: довталаб мунтазир бошад, ки ҳакамон савол низ медиҳанд, то дониши ӯро беҳтар имтиҳон карда тавонанд. Шарти дигар чунин мазмун пазируфтааст: довталаб барои аъзои китобхона буданаш низ хол мегирад, ҳатто тарғибгари китобу китобхонӣ буданаш аз мадди назар дур нахоҳад монд.

Озмуни пурмуҳтаво аз бузургмаъонӣ дар чаҳор давр баргузор мегардад ва ғолибони се даври нахустин охири сол дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъ омада, зӯрозмоӣ, сабқат, мусобиқаву талошу идроки фитрӣ хоҳанд кард. Муваффақ шудану муваффақ будан дар ин базми шеъру сухан аст, агар майли маърифатпарварӣ, муҳаббати гарме ба китобу ашъор бошад.

Вақте осору ашъор ва китобҳои дилписанди маърифатпарварони миллатамонро мехонем, дар қалбу назарҳо равшанӣ меояд: достону манзумаҳо, ғазалу девонҳо, насри бадеии онҳо ба сони нақди адабӣ, ҳувияти инсонӣ, эҳсоси худшиносиву меҳнатдӯстӣ дар адабиёти чӣ классику чӣ муосири тоҷик аз чашмаи ҷовидонаи тамаддун қатра – қатра сабзу фараҳмаъонӣ шудаанд.

Дар ин робита олими нуктадону таърихшинос, нависанда ва публитсисти серзаҳмат, собиқ намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат устод Усмонҷон Ғаффоров бароям нақли кӯтоҳу аммо пурмуҳтавое намуд, ки ба мавзӯи навиштаҳоям рабту низоме доранд:

- Аз хурдиям ба шарофату эътибори падари китобдӯсту китобдор, Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳасанов меҳри на ин, ки ман, раҳматӣ бародарам ҳиндушинос, таърихшинос ва китобшинос шудем. Вақте бародари шарифам Абдуллоҷон Ғаффоров ба Ҳиндустон мерафт, падарам таъкид карданд, «ту ба макони китобҳо меравӣ, фақат китоб савғо биёр». Бародарам, хушбахтона, аз он мамлакати дур бештар аз ҳафтсад номгӯй ашъори классикони форсиро туҳфа овард. Ҳангоми донишҷӯй шуданам падар ба ман маблағ дода гуфтанд, «писарам, пулро барои ду чиз сарф намо: аввал, ҳамеша аз таомҳои беҳтарин баҳраманд бош, ки солимии ҷисму ҷон аст, дигар ин, ки фақат китобҳои хубтарину хонданӣ бигир, ғизои маънавият медиҳад».

- Дар хонаам назди рафҳои китобҳоям навиштае ҳамеша ба чашм нур мебахшад – «Хонаи бекитоб, рӯзи беофтоб», - суханашро идома дод узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Усмонҷон Ғаффоров. –Китоб қувваи бузургест, ки бе он нерӯ наметавон зист. Дар хонаам зиёда аз понздаҳ ҳазор номгӯй китобҳои гуногун ҷой доранд, ин ҳама боигарии ман буда, тамоми дастнависҳои нодир, луғатҳо, бештар биступанҷ номгӯй қомус ҳифозат карда мешаванд. Ҳар боре ба рафи китобҳоям наздик меоям, адабиётҳои нодиртаринро саҳфа мегардонам, бемуҳобот ҷаҳони илҳом ва тафохур оғӯшам мегирад. Ҳама осори устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода, Фарзонабонуи Хуҷандӣ ва муҳим онҳоро бо соядасти худи муаллифон дорам. Китобҳо дар хонадонам муъҷизаву муқаддас ҳастанд. Озмуни бунёдии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззамамон – Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон мазмуни олӣ дорад – «сухану китобу маърифату идрок чу шоҳин баландпарвозанд».

Рисолати «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз ҳар бобат диққату таваҷҷуҳи хонандагонро, новобаста аз синну сол, ба китобу китобхонӣ ҷалб намудан, шавқи луғатдонӣ, тарзу услуби хониши бадеӣ пайдо кардан муҳим бошад, паҳлуи дигари ин тадбири маърифатӣ – озмуни миллии замони мо, роҳ сӯи китобхониву қаринӣ бо адабиёти соҳавию бадеӣ аст.

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Раҷабова, ки ӯ сарвари шуъбаи китобҳои тиббии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ мебошад, чунин мегӯяд: - шуъба давоми бисту се сол инҷониб ба адабиётдӯстон хизмат мерасонад, ки бештар аз ёздаҳ ҳазор нусха захираи китобҳои соҳавӣ дорад. Табибон ва муҳассилини соҳаи тиббиёт – донишҷӯёни донишгоҳҳои олии тиббӣ ва коллеҷҳои тиббӣ аз ин хазинаи бебадал баҳраманд мегарданд.

Бо гузашти вақт аз фаъолияти шуъба ва иқдомҳои сардори он – Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Марҳабо Раҷабова аз наздик шинос шудем, ки мазмуни «имрӯз нақши китоб ва китобхона дар ҷомеаи мо боло рафта, мардум ба адабиёт руҷӯи дигаргуна доранд», падид омад.

Барои ҷомеаи муосири мо мазмуни ҳақиқатан милливу хоси тоҷикона «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ин туҳфаи тақдир буда, албатта, аз сиёсату ташаббуси фарҳангсолоронаи Пешвои миллат сарчашма гирифта, муҷаллои таъриху тамаддун, пайванди қарнҳо ва наслҳост.

Хулосаи ин навиштаҳо ифодаест бо таъбири Ғании Кашмирӣ:

Аз фикр то сухан нашавад қобили рақам,

Монанди хома сар зи гиребон намекашам.

Файзулло Атохоҷаев,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh