ЗЕБ БАХШАД ЗИНДАГИРО ИБТИКОР!

Дар ҳошияи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Амри мусаллам аст, ки корномаҳои созанда ва ташаббусу ибтикороти инсон ҳамеша омили нусрату шукуфоии рӯзгори вай ва наҷобату аҷобати зиндагонии ӯ гардидаву мегардад. Мардуми тоҷик низ ҳамеша шукргузор ҳастанд, ки тавассути раҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои созандагӣ, ибтикороти зебоиофарин, ташаббусҳои шоён ривоҷ касб намуда, саросари Тоҷикистони азиз ободу шукуфову зебо мегардад.

Эълони солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар амри нуфузи ин корномаҳои муваффақонаи созандагӣ дар тамоми мамлакат, хоса деҳоти Тоҷикистон нақши муассир гузошта, истиқболи мардуми кишвар тавассути тадбирҳо ва ташаббусҳои офаринандагӣ, бунёдкорӣ аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиб ва рушди баробари шаҳру деҳоти кишварро равшану пайдо мегардонад. Ҷилваи нусрат ва шукӯҳи ин иқдомот ва ибтикороти созандагиро ҳамеша мо дар ҷараёни сафарҳои кории Пешвои миллат ба мушоҳида мегирем, ки дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз аз Зарафшон то Бадахшон, Суғд то ба Хатлон, Кӯлобу Ҳисору Рашт, яъне тамоми қаламрави кишвар ба мушоҳида мегирему аз ҳосили ташаббусҳои зиндагисоз ва нусратёр мефахрему меболем. Дар ҷараёни ҳузури мунаввар ва пурбаракоти Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ шукӯҳи созандагиҳо, ки ҳамагӣ зеббахши зиндагонии мардуми кишвар ва қаламрави Тоҷикистони азиз гардидаанд, таҷаммули хосаеро ба намоиш гузошт. Ниҳоят тавассути ибтикороти созандаи Пешвои миллат дар доманаи кӯҳистони сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷилвагарии Парчам ва сарфарозии Нишони Тоҷикистон, хуррамиву сарсабзии майдони бошукӯҳ, қомат афрохтани чандин биноҳои маъмурӣ дар умум як шаҳраке арзи ҳастӣ намуд, ки гӯшае аз Душанбеву Хуҷандро ба хотир меоварад. Ба таъбири дигар, акнун тавассути ибтикороти созандагии Пешвои миллат дар як гӯшаи дурдаст ва дар миёни кӯҳсорони сарбаафлок шаҳре дигар чун нишонаи меҳру ихлос ба Ватан бо номи Меҳрон тарҳи тозае рехт. Суҳбату мулоқоти самимии Пешвои миллат бо мардуме, ки аз ин самараи созандагиҳо ва ҳузури мунаввари боз як шаҳри дигар дар бағали кӯҳсорон ифтихори ватандорӣ доранд, рӯҳу илҳоми тоза ато намуд. Хоса, изҳори қаноатмандии Пешвои миллат аз самараи заҳматҳои ин мардуми меҳнатқарин номаи ҳидояте гардид, то боз ҳам дар фикри ибтикороти бештари созандагиҳо бошанд. Пешвои миллат, таъкид доштанд, ки ҳар вақте, ки ман бо сафари корӣ ба Кӯҳистони Мастчоҳ меоям, ободиҳои баамаломадаро дида, аз натиҷаҳои заҳмати дастони мардуми сарбаланду заҳматқарини ин диёри кӯҳистони тоҷикон қаноатманд мегардам.

Дар як муддати хеле кӯтоҳ, яъне тайи се - чор соли охир дар деҳоти ноҳия ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, намояндагии бонкҳо, нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шудаанд, ки ҳоло фаъолияти муназзам доранд ва боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ гардидаанд.

Дар ин муддат, инчунин, аз баракати заҳмати сокинони ватандӯсти ноҳия дар шароити кӯҳистони камзамин боғҳои нав бунёд шуда, майдони заминҳои корам васеъ ва роҳҳои байни деҳот тахту ҳамвор гардида, маркази ноҳия бо қомат афрохтани иншооти муосири маъмуриву хизматрасонӣ ва бунёди хиёбону гулгаштҳо ҳусни тоза гирифтааст.

Яъне хуб мушоҳида мегардад, ки Истиқлолияти давлатӣ ба ин гӯшаи диёрамон, дар ҳақиқат, умри дубора бахшида, роҳи онро равшану мунаввар кардааст.

Воқеан, эҳсос мешавад, ки новобаста ба минтақаи кӯҳсор будани ин ноҳияи дурдасти мамлакат чун самараи корҳои наҷибу созандаи мардум дар бағали кӯҳсорон боғҳои хурраму мушаҷҷар, заминҳои сабзпӯш эҷод гардида, василаҳои муҳиме барои таъмини иҷтимоии мардуми ноҳия ва ҳатто қисмате аз вилояти Суғд мегардад, ки афзоиши ҳамасолаи истеҳсоли картошка дар ноҳия ҳикоят аз ин самараҳои пурбори меҳнати сокинони ин диёр мекунад.

Ҳамин гуна тадбирҳои наҷиби созандагиро мо дар ноҳияҳои Деваштич, Зафарабод, Ҷаббор Расулов, шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстону Гулистон ба мушоҳида гирифтем, ки дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат барои истифодаи мардум манзур шуданд. Албатта, дар саросари вилоят чунин корномаҳои бунёдкорона ҷараён доранд ва ин навбат аз маҷмуи барномаҳои бузурги марбут ба эълони “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сайёҳӣ ва идомаи бунёдкориҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин иншооти муҳим, боғу майдонҳои хуррам, муассисаҳои маърифатӣ ва тандурустӣ, биноҳои маъмурӣ ва амсоли ин бо ҳузури Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Шукӯҳи Муҷассамаҳои Деваштич дар ноҳияи Деваштич ва Садриддин Айнӣ дар боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Зафаробод дар баробари қоматафрозии Нишону Парчам дар аксари шаҳру навоҳии вилоят воқеан рамзе бар таҳкими худшиносии миллии мардум, хоса ҷавонон гардид. Тайи чанд соли охир мо шоҳиди он ҳастем, ки чунин муҷассамаҳои бузурги таъриху фарҳанг ва адабиёти миллии мо дар саросари вилоят баробар ба Парчаму Нишон арзи ҳастӣ намуда, майдону боғҳои бунёдгардида ба макони ҳузури мардум, хоса баргузории чорабиниҳои фарҳангии ҷавонон мегарданд. Мусаллам аст, ки ин ташаббусҳо ва тадбирҳо дар баробари таъмини нусратёрӣ ва шукӯҳу зебоии марказҳои шаҳру навоҳии вилоят рамзи тарбияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва маънавии ҷомеа аст, зеро дар шукӯҳу шаҳомати ҳастии ин Нишону Парчаму Пайкараҳои бузургони мо ҳазорон достони ибрат ва маърифатӣ ниҳон аст. Пешвои миллат дар ҷараёни мулоқоти хеш бо сокинони ноҳияи Зафаробод низ ба таври махсус ба масъалаи зарурати баланд бардоштани худогоҳии миллии насли наврас, талқини онҳо ба омӯзиши таъриху адабиёт ва фарҳанги тоҷикон, посдории забони миллӣ ва эҳтирому арҷ- гузорӣ ба он, ки маҷмуан инсонро аз таъсири зуҳуроти фарҳанги бегона ва бегонапарастӣ раҳоӣ мебахшанд, руҷӯъ намуданд. Хосатан, назди мо омӯзгорон вазифаи муҳим ва муқаддасе гузошта шуд, ки бояд дар ҳар дарс дар ҳаҷми то панҷ - даҳ дақиқа, новобаста аз фанни мавриди таълим ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон масраф гардад. Имрӯз воқеан бар асари нуфузи бархе зуҳуроти бегона, ки аз ҳар роҳу восита ба шуури ҷавонони мо таъсир мегузорад, зарурати аз сар гирифтани чунин тадбирҳои муҳим пеш омадааст. Ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ низ бояд талқин намуд. Пешвои миллат аз таваҷҷуҳи хосаи як тан соҳибкори автсралиягӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ, аз ҷумла шохаи қадимаи забони суғдӣ, яғнобӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар зимн моро ҳидоят ба таъмини тозагии забони миллӣ ва гиромидошти он намуданд. Аз ин рӯ, хеле бамаврид таъкид доштанд, ки гиромидошти забон эҳтироми модар аст ва ба ҳамин хотир онро забони модарӣ унвон кардаанду фармудаанд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забон осон гардад.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат хеле бамаврид таъкид доштанд, ки забони яғноби чун шохаи забони суғдӣ нодиртарин ёдгории маънавии мо тоҷикон аст, ки бо он ҳамеша ифтихор аз таърихи куҳан мекунем. Баробари ин зарурати он пеш омадааст, ки ин ёдгории бузургро ҳифз намуда, воҷагону таркибҳои боқимонда аз онро ҳифз намоед. Ин ҳидояти Пешвои миллат ба аҳли таҳқиқ як дастури муҳим гардид, зеро дар ҳақиқат имрӯз таркиби номвоҷаҳои минтақаи водии Зарафшон, ки ҳамагӣ суғдиасл ҳастанд, инчунин дар забони мардумони он минтақа воҷагони зиёде аз забони суғдӣ боқӣ мондаанд, ки ниёз ба ҷамъоварӣ ва паҷӯҳиш доранд. Ҳатто аксари ин воҷагон, ки зоҳиран имрӯз гӯйишӣ ё лаҳҷавӣ ном бурда мешаванд, дар сарчашмаҳои куҳани адабиву таърихӣ, аз ҷумла, осори Рӯдакиву “Шоҳнома” - и Фирдавсӣ, Таърихи Байҳақӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар ҳақиқат имрӯз ба хотири боз ҳам тақвият ёфтани ифтихори ватандории мо тавассути таъкид бар қадима будани забони тоҷикӣ зарурати он пеш омада, ки бар асоси ин ҳидоятҳои Пешвои миллат дар амри ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва ҳифзи ин ганҷинаҳои бузурги забони тоҷикӣ, хоса боқимондаҳои забони суғдӣ иқдом намоем. Худи Пешвои миллат аллакай ба унвони раҳнамо ва ҳодии ин роҳи бузург китоби арзишманди “Забони миллат – ҳастии миллат” - ро ба қалам оварданд ва ҳамакнун вазифаи суханшиносон аст, ки дар идомаи ин роҳи пуршараф иқдом намоем.

Нақли рӯзгори ибратомӯзи айёми кӯдакӣ, тарбияи падару модар ва ҳақиқатҳое аз зиндагонии он замон низ достоне ибратомӯз барои насли ҷавони имрӯз буд, то дар фикри эҳтироми бештар нисбати падару модар бошанд. Ба мушоҳида мерасад, ки дар ҳақиқат вақтҳои охир зулму ҷаҳолати бархе ҷавонон нисбат ба волидайн афзун гардида, ҳатто ҳодисаҳои нангини аз дасти фарзанд кушта шудани онҳо низ ҷой дорад. Аз ин рӯ, суханони ҳикматомези Пешвои миллат дар мавриди эҳтиром нисбат ба падару модар ва сабақҳои омӯзандаи онҳо барои насли имрӯз воқеан ҳукми доруи маънавӣ ва дарси ибратро доштанд, ки бегумон дар тарбияи дурусту солими ҷавонон дар рӯҳияи посдошти ҳурмати падару модар ҳамчун қиблагоҳ ва чашмаи ҳаёти музаффари фарзандон нақши мунир хоҳанд гузошт.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳи дигар он аст, ки дар ҳар суҳбату мулоқоти хеш Пешвои миллат аз зарурати таҳкими ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар сухан мекунанд ва дар ҷараёни ин сафар низ дар аксари мулоқотҳои хеш бо мардум ба ин матлаб таваҷҷуҳ намуда, мардумро бори дигар ба сабақбардорӣ аз воқеаҳои солҳои навадум ва расидан ба қадри имрӯзи сулҳрезу ваҳдатшиор даъват намуданд.

Баргузории Иди харбуза ва асал дар шаҳри Хуҷанд бори дигар аз он паём мерасонад, ки тавассути ин тадбирҳои наҷиб Пешвои миллат муҳимтарин расму оинҳои суннатии моро, ки сарчашма дар табиат дошта, маҷмуан Наврӯзу Садаву Меҳргонро офаридаанд, эҳё мешаванд. Мардуми тоҷик аз дергоҳи таърих ба табиат ва офаридаҳои он таваҷҷуҳи амиқ доранд ва арҷгузорӣ ба ин падидаҳо худ гувоҳ бар он аст, ки ин ҳама неъматҳои нодири табиат аслу мояи зиндагонии инсониятро таъмин мекунанд. Эҳёи чунин идҳои зодаи табиат бори дигар ба ин маслаки неки ниёгон ва қадршиносӣ аз чунин суннатҳои наҷиб ишорат мекунад.

Бунёди меҳмонхонаи Суғдиён дар канори рудхонаи Сайҳун бори дигар ҳикоят аз он мекунанд, ки дар ҳақиқат тавассути тадбирҳои Пешвои миллат имрӯз шаҳри Хуҷанд ба яке аз шаҳрҳои бузурги дорои имкониятҳои рушди сайёҳӣ бадал мегардад. Бунёди маҷмааи таърихии Қалъаи Хуҷанд, боғ, хона ва мақбараи рамзии Камоли Хуҷандӣ, тарабхонаи “Темурмалик” ва роҳи танобӣ, ки дар маросими ифтитоҳи онҳо бевосита Пешвои миллат ҳузур доштанд, ба эҷоди як маҷмааи бузурги сайёҳӣ, ки воқеан омил ба ҷалби густардаи сайёҳон мегардид, боис шуда буд ва ҳамакнун бунёди меҳмонхона ин маҷмааро такмил намуд, то тамоми шароит барои истиқболи меҳмонони шаҳри Хуҷанд фароҳам ояд.

Албатта, дар ҳошияи ин сафари пурбаракоти Пешвои миллат корномаҳои зиёди созандагӣ ба зуҳур расиданд, ки ҳамагӣ шукӯҳу нусрати истиқлоли миллати моро ҷилвагар месозанд. Ин корномаҳо ҳамарӯзаву ҳамасола ба хотири шукуфоии Тоҷикистони азиз идома доранд ва имрӯз бо илҳом аз тадбирҳои созандаи Пешвои миллат шаҳрвандони кишвар, сокинони касбу кори гуногун низ аз худ ташаббусҳои созанда зоҳир намуда, дар ободонии маҳаллу гузару деҳаи худ иқдом мекунанд. Пешвои миллат зимни эълони “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум” ва ҳамзамон тадбирҳои созанда ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии мо дар ин росто таъмини баробари рушди тамоми гӯшаву канори кишвар, яъне пешрафти якҷояи шаҳру деҳот ба шумор меравад. Воқеан, имрӯз вақте ба ҳар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба деҳоти мухталифи Тоҷикистон сафар мекунем, ҳақиқати ин амр ҷилвагар мешавад. Дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон мактабҳо, муассисаҳои маърифатии дигар, бемористонҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои замон сохта ва ба истифода дода мешаванд, ки фарқе аз ҳам надоранд. Имрӯз дар дурдасттарин ноҳияи кишвар сокинон метавонанд аз тамоми технологияҳои иттилоотӣ ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ истифода намоянд. Тарҳи бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар деҳот низ ба нишонаҳои меъмории шаҳриву шарқӣ наздик мешавад. Замоне буд, ки мардум дар орзуи ҷомеаи хаёлие бо номи “коммунизм” буданд, ки яке аз нишонаҳои он аз миён рафтани фарқ миёни деҳаву шаҳр аз лиҳози меъморӣ ба шумор мерафт. Барҳақ, эҷоди иқдомоти созанда ва ибтикороти Пешвои миллат тавассути эълони барномаҳои хосаи рушди деҳот имрӯз он хобу хаёл ва орзуи як замон доштаи мардумро ба ҳақиқат мепайванд. То таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам 2 соли дигар дар пеш аст, аммо самараи корномаҳои созандаи Пешвои миллат ва пуштибонии мардум аз ин сиёсати фардосоз бозгӯи он аст, ки ҳар лаҳза тарҳу симои тамоми Тоҷикистон дигаргун мешавад. Боварии комил дорем, ки дарозои ин ду сол ва фардову фардоҳои дигар мо ҳамеша шоҳиди чунин ибтикороти зеббахши зиндагӣ гардида, Тоҷикистони азизро ҳамеша шукуфону сабзпӯшу гулрез ва ҳар пораи хоки муқаддаси онро зархез дида, дар ҳар ваҷаб замини он самараҳои созандагиро тамошо менамоем.

Нуралӣ НУРЗОД,
муовини директори институти
илмӣ - тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh