“НАССОҶИ ХУҶАНД”: Чаро иқтидори истеҳсолӣ пурра истифода намешавад?

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нассоҷи Хуҷанд» дар заминаи собиқ комбинати «Абрешим» - и шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз намуда, яке аз корхонаҳои калонтарини соҳаи саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коркарди пурраи нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ба ҳисоб меравад. Соли 2015 корхона бо васли технологияи нав ба истеҳсоли матоъҳо, омехта намудани риштаи пахтагӣ риштаи полиэфирӣ шурӯъ кард. Айни замон фаъолияти корхона ба истеҳсоли маҳсулот монанди куртаҳои мардона, занона, аскарӣ, шим, шортҳо, либосҳои кӯдакона, тагпӯшӣ, дастархон, сачоқ, матоъҳои камуфляҷӣ, астарӣ, ҷиҳози бистарӣ, брезент ва ғайраҳо машғул аст.

Қобили қайд аст, ки ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” дар таъмини сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо матоъҳои ҳарбии истеҳсоли ватанӣ саҳми арзанда мегузорад. Ҳамчунин, корхона бозори дохилиро бо либосҳои хушсифати ватанӣ таъмин сохта, бо давлатҳои хориҷа шартномаҳои дуҷонибаи дарозмуддат дорад ва маҳсулоти худро ба давлатҳои Туркия (риштаҳои пахтагин), Белорусия ва Россия (либосҳои бачагона) содирот менамояд.

– Корхона имконияти истеҳсолӣ дорад, ки дар як сол то 2,5 ҳазор тонна риштаи пахтагӣ, 2,5 миллион метри тӯлонӣ матои тайёр, 350 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагӣ, 400 тонна риштаи ранга истеҳсол намояд. Айни замон дар коргоҳ 200 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин буда, фаъолияти меҳнатии худро давом дода истодаанд, – гуфт дар суҳбат Раҳим Набиев, директори корхонаи ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”.

Аммо баъди таҳлилҳо аён гардид, ки рақамҳои нишондодашуда бо нақшаи пешбининамудаи корхона ҷавобгӯ набуда, риштаи пахтагӣ 15 тонна, матои тайёр 165 ҳазор метр, маҳсулоти дӯзандагӣ дар ҳаҷми 18 ҳазору 80 дона ва ба ҷои 400 тонна 2 ҳазору 780 килограмм риштаи ранга истеҳсол шудааст. Музди миёнаи маоши кормандон бошад, 818 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”, ки яке аз корхонаҳои калонтарини вилоят ба шумор меравад, истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот кам буда, ба ҳар ҳол нисбат ба соли гузашта даромад аз фурӯши молу маҳсулот ва хизматрасонӣ 78 фоиз аст.

Таъминкунандаи асосии ашёи хом барои ин коргоҳ ҶДММ “Неку Хуҷанд” буда, маводи ёрирасони истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Белорусия, Федератсияи Россия ва давлати Швейтсария аз қабили химикатҳо, рангҳо, ресмонҳои полиэфирӣ мунтазам харидорӣ мешаванд.

Дар масъалаи интиқоли либосҳои бачагона ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” бо корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Бимоша” - и Ҷумҳурии Белорусия ҳамкории дуҷониба дошта, сол аз сол ҳаҷми фармоиш ба намудҳои муайяни маҳсулоти либосҳои бачагона рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Аз ҷумла, дар ҳафт моҳи соли равон ба ҶДММ “Бимоша” маҳсулоти дӯзандагии бачагона ба маблағи умумии 705 ҳазору 580,56 сомонӣ содирот шудааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” барои истеҳсол ва таъмини сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо матоъҳои низомӣ саъйу кӯшиши худро равона карда истодааст. Коргоҳи мазкур ба корхонаҳои истеҳсолии кишвар ба монанди ҶДММ “Ёқут 2000”, КВД "Дӯзандагӣ" - и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД "Дӯзандагӣ ва коркарди мева" - и АТАМ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ "КАМ "Дилором", ҶСНК "Зиннат", инчунин ба соҳибкорони инфиродӣ бо маблағи умумии 1 миллиону 677 ҳазор сомонӣ 79 ҳазору 983 метр матои низомиро интиқол додааст, ки ин маблағ соли гузашта 1 миллиону 127 ҳазору 608 сомонӣ буд.

Ҳамчунин, корхона имкон дорад, ки хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо матоъҳо ва маҳсулоти тайёри либоси мактабӣ, коркунони соҳаи тибро бо матоъҳо барои либоси касбӣ таъмин намояд.

ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ба корхонаҳои мазкур аз қабили КВД “Нури Ховар”, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ҶДММ “КД Фаррух”, ҶДММ “Олимхони Хуҷандӣ”, соҳибкорони инфиродӣ Сабоҳат Маҳмудова, Барно Пӯлодова ва дигарон, ки ба дӯхтани либосҳои мактабӣ машғул ҳастанд, ба маблағи умумии 99 ҳазору 355 сомонӣ 5 ҳазору 255 метр матоъ дастрас намудаанд, ки аз соли гузашта аз рӯи нишондоди метр ва ҳам маблағ беҳтар аст.

Дар назди корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд”, ҳамчунин мағозаи фирмавии он кушода шудааст, ки навъҳои сершумори либосвории хушсифати пахтагин бо нархҳои аз маҳсулоти воридотӣ ду баробар арзон ба фурӯш гузошта шудааст ва коргоҳи мазкур саъйу кӯшиши худро барои бардавом таъмин намудани раванди истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ равона менамояд. Новобаста аз ин, масъалаҳое ба миён меоянд, ки боиси халалдор намудани раванди истеҳсолот гардида, ба фаъолияти молиявии корхона таъсири манфии худро мерасонанд. Яке аз масъалаҳои мубрами имрӯзаи корхона сари вақт пардохт нагардидани арзиши молу маҳсулоти содиротшуда мебошад. Метавон гуфт, ки пайваста ворид нагардидани воситаҳои пулӣ яке аз сабабҳои таназзули истеҳсолот гардидаанд, яъне коргоҳ наметавонад сари вақт харидории ашёи хом ва пардохти хароҷоти ҷориро таъмин намояд.

Масъалаи дигар ин аст, ки бо сабаби ба бозори дохилӣ ворид гардидани матоъҳои истеҳсоли хориҷӣ ва коркарди минбаъдаи онҳо бозоргирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мавқеи худро гум карда, рақобатпазир буда наметавонанд. Дар натиҷаи таъсири омилҳои зикргардида дар корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ҳаҷми кор коҳиш ва сатҳи бекорӣ зиёд мегардад.

Дар мавриди ба пуррагӣ истифодабарии иқтидори истеҳсолии коргоҳ имконият дорад 1100 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда, беш аз 8 миллион сомонӣ ба буҷети мамлакат андоз пардохт намояд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ҳашт моҳи соли равон дар вилоят 72 корхонаву коргоҳи нав бо 1081 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати химия, металлургия, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва сабук таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд. Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 8 моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 7,8 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,2 миллиард сомонӣ ё 117,8 фоизро ташкил медиҳад. Раванди иҷрои супориши Сарвари давлат дар бобати дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо таъсиси корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ зери назорат қарор дода шудааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ дар вилоят боз 13 коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар ин давр шумораи корхонаҳои бефаъолият нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 24 адад кам шуда, аз ҳисоби ин корхонаҳо ба маблағи 14,4 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нагардид, ки ба 0,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят баробар аст.

 Қабул шудани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар ба пешрафту тараққиёт, болоравии иқтисодиёт ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон таъсири бениҳоят калон дорад.

Гулҷаҳон Турсунзода,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh