РОБИТАҲОИ СУДМАНДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Такони нав дар гардиши бору хизматрасонӣ ё назаре ба чанд паҳлӯи ҳамоишҳои «Суғд – водии имкониятҳо»

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дар масири сиёсати оқилонаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳо ва иқтидорҳои истифоданашуда дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла баргузории Ярмаркаи байналхалқии савдо дар меҳвари «Суғд – водии имкониятҳо», намоиши ширкатҳо, корхонаҳо ва дигар истеҳсолоти пурманфиат, вохӯриву робитаҳои судманди иқтисодӣ аз соли 2014 то соли 2019, яъне шаш маротиба ба вуқӯъ пайваст.

Матлаб муайян – таҳкими равобити иқтисодӣ ҷиҳати боло рафтани гардиши бору хизматрасонӣ ва самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллии кишвар мебошад. Айни ҳол дар чаҳорчӯбаи Ярмаркаи идомаёбандаи байналмилалии савдо робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон – вилояти Суғд бо дигар кишварҳо сатҳи тоза касб менамояд. Намоиши нахустин Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд - 2014» дар «Қасри варзиш» - и шаҳри Хуҷанд санаҳои 25 – 26 – уми июни соли дуҳазору чордаҳ доир гардид ва дар ҷабҳаи устувор мондани таҳкурсии иқтисоди миллӣ мусоидат намуд. Ин ҳамоиш дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд, бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилоят ва Агентии «Тоҷикстандарт» ба вуқӯъ пайваст. Ҳадафи асосии ҳамоиш - ин наздику ҳамкор будани соҳибкорон, корхонаҳо, омӯхтани бозори додугирифт ва харидорӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба вилоят, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ ва пешниҳоди молу маҳсулоти дар қаламрави вилоят истеҳсолшаванда ба кишварҳои алоҳидаи хориҷӣ маъно пазируфта, натиҷаҳо ба бор овардан аст. Дар ярмаркаи ҳамонсола 100 корхонаи саноатии вилоят маҳсулоти истеҳсоли худиро пешниҳод карданд. Дар ин раванд пешкаши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, масолеҳи сохтмонӣ, либосҳо, нӯшокиҳои ташнашикан, таҷҳизоти электронӣ, дастовардҳои соҳаи алоқа ва бонкҳо, шириниҳо, маҳсулоти шириву гӯштӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, намунаҳои хушсифати сабзавоту полезиҳо ва меваҷот ба меҳмонон ва сокинони вилоят басо фараҳафзо, рӯҳбахшу гуворо ва писандида гардид.

Меҳмонон – мутахассисон, соҳибкорон ва тамошобинону харидорон дар павилйонҳои сершумори намоишгоҳ бо номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳои соҳибкорони тоҷик, лавҳаҳои муаррификунандаи иқтидори корхонаҳои хурду бузурги бахшҳои гуногуни иқтисодиву тиҷорат, дастовардҳо, молҳои олисифати содиротии дар бозорҳои замони муосир мавқеъ мепазируфта ошно гардида, роҳи фаъолияти хешро ҷадид донистанд. Аз ҷумла, Ёддоштҳои тафоҳум миёни ширкатҳои вилоят ва Федератсияи Россия, Беларус ва Украина оид ба воридоти таҷҳизот барои хатти технологии бастубанд барои маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, содироти меваи хушк ба ин кишварҳо ба имзо расонида шуд.

Хурсандиовар он маҳсуб меёбад, ки дар ярмарка аз он ҷумла, дар озмуни «Маҳсулоти беҳтарини соли 2014» аз рӯи номинатсияҳои бренди беҳтарин ва бастабандии беҳтарин беш аз 40 корхонаи вилояти Суғд бо ҷоизаҳои муаррификунанда сарфароз гардидаанд.

Дар ҳамоишҳои минбаъда, аз он ҷумла соли дуҳазору понздаҳ низ соҳибкорони мо бо ҳамкасбону ҳамкорони хориҷии худ якчанд қарордоди додугирифт ва оид ба истеҳсоли муштараки молҳои бозоргир санадҳои ҳамкорӣ бастанд. Ин ҳамоиш низ ба оғози марҳалаи нави муносибатҳои судманди иқтисодиву тиҷоратӣ асос гузошт, барои ҳамкориҳои мустақили соҳибкорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои мансуби ярмарка ёрӣ расонид.

Моҳи июн умуман дар вилоят ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдову тиҷорат саҳифаи наве кушод. Санаи 17 – уми июни соли дуҳазору шонздаҳ дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд - 2016» доир шуда, натиҷаҳои хуб ба бор овард. Дар ин чорабинии бонуфуз беш аз 260 нафар меҳмонон аз Федератсияи Россия, кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, давлати Полша ҳузур доштанд. Алалхусус, баргузор шудани Анҷумани доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи истеҳсоли маводи озуқа ва трансферти технологияҳои муосир» дар самти роҳандозии робитаҳои мустақими истеҳсолӣ мавқеи асосӣ дошт. Дурнамои ҳамкориҳо бо минтақаҳои гуногуни кишварҳои иштирокчии ҳамоиш соҳоти гуногунро дарбар гирифта, самти ҷадид пазируфт ва ин ярмаркаи сеюм муаррифӣ гардид.

Мегӯянд, ки ҳар тадбир бо амали неку ҳадафманд такрор ёбад, оқибат анъана мешавад. Ярмаркаи анъанавӣ ба сатҳу мавқеи байналмилалӣ баромад. Ин замон дар ҳамоиш намояндагони минтақаи озоди иқтисодӣ аз Тоҷикистон – «Данғара», «Панҷ», «Суғд» ва аз Қирғизистон – «Бишкек» ва «Норин» дар маҷмӯъ 5 минтақаи озоди иқтисодӣ ширкат доштанд. Таҳлилҳо аён месозанд, ки дар доираи ҳама корҳои навин сол аз сол имконоти содиротии вилоят афзун гардида истодааст. Дар назди корхонаи муштараки «Зарафшон» фабрикаи дуюми аффинаҷӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 1 миллион тонна семент дар як сол корхонаи бузург ба кор дароварда шуд.

Ба рӯзҳои гузашта бо назари таҳлил менигарем. Рӯзҳои 16 – 17 – уми июни соли дуҳазору ҳабдаҳ дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд - 2017» баргузор гардид. Ин чорумин ҳамоиши бонуфуз буд, зеро агар дар ярмаркаи аввала сад корхонаи саноатӣ бо теъдоди ҳафтод – сад нафар намоянда ширкат дошта бошанд, акнун теъдоди иштирокдорон аз дусаду шаст нафар бештар буданд. Ҳамоиши даврони соҳибистиқлолии кишвар нуфузу мақому мартабаи комил пайдо намуд. Бори аввал дар Ярмаркаи «Суғд - 2017» бо иштироки васеи коршиносони хориҷӣ, аҳли илму фарҳанг конфронси доираҳои илмӣ таҳти унвони «Суғд – мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» доир шуд, ки имконоти сайёҳии муосирро бозгӯй буд. Ҳамчунин, ҳамоиш намоиш додани иқтидору имконоти иқтисодии вилояти Суғд ва аз худ намудани таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои дуру наздики хориҷиро мақсад пазируфт. Айни ҳол вилояти Суғд ва умуман кишварамон – Тоҷикистон барои сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ чун минтақаи қобили таваҷҷуҳ, ки барои рушди тиҷорат имкониятҳои бештаре дорад, шинохта шудааст. Дар ин самт ҳамкориҳои ширкатҳо ва истеҳсолкунандагони ватанӣ бо давлатҳои дигар густариш ёфта истодааст. Дар ҳамоиш аз забони раиси Шӯро оид ба ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, муовини директори генералии ҶСП «Троза» Сергей Кличегов зикр шуд, ки алҳол беш аз 20 корхонаи Федератсияи Россия ба таври ихтиёрӣ дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон муттаҳид омодаанд. Чӣ қадар ифода ва рақами болиғанд. Бо шарофати дӯстиву ҳамбастагӣ, сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин ҳамоиши бонуфуз бори аввал меҳмонону намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд. - Биноан, гуфтаанд: Одамонро зинда медорад равони дӯстӣ – андеша пеш оварда буд Алишер Ҳайдаров – директори генералии ширкати «Ал барак инвест».

Ё худ намояндаи сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Полянин гуфта буд, ки робитаҳо боз қавӣ мегарданд ва ин ҳамоиш мактаби ҳамкорист.

Дар ҳамоиши соли 2017 наздик сад шартномаи вусъатпазир доир ба ҳамкорӣ баста шуд, ҳамзамон он сол теъдоди ширкатҳои иштирокчӣ ба яксаду бисту шаш расида буд.

Ёдовар мешавем, ки санаҳои 16 – 19 – уми октябри соли дуҳазору ҳаҷдаҳ бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати вилоят занбӯрпарвар Fуфронхоҷа Ҳакимов дар Форуми тиҷоратии «Роҳи бузурги абрешим» дар минтақаи Хунани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок кард. Дар доираи чорабинии мазкур бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ вохӯриҳо доир намуда, намунаҳои гуногуни асалро пешниҳод кард.

Ниҳоят, санаҳои 21 – 22 – юми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд - 2019» доир гардид. Яъне, ин ҳамоиши шашум буда, шарикони рушдро ба ҳам овард. Дар намоиш – ярмаркаи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ, аз қабили масолеҳҳои сохтмонӣ, бофандагӣ, хӯрока, нӯшокиҳо, консерва, ҳунарҳои мардумӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, намоиши нон ва қаннодӣ инчунин, маҳсулоти кишоварзӣ ба маърази меҳмонон – мутахассисони кишварҳои мансуби ҳамоиш гузошта шуда буд. Дар намоишгоҳ 120 корхонаву ширкатҳо бо пешниҳоди 150 номгӯи молу маҳсулот ширкат намуда, имкониятҳои иқтисодиву кишоварзиро муаррифӣ карданд. Маросими ифтитоҳи расмии Ярмаркаи шашум бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндагони ваколатдор аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Қирғизистон, Беларус, Ӯзбекистон ва Хитой сурат гирифт, ки басо бонуфуз буд. Воқеан, дар ин ҳамоиш соҳибкорон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Хитой, Қирғизистон, Афғонистон ва Туркманистон ширкат варзиданд.

Ҷиҳати фарқкунандаи ҳамоиши навбатии Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд - 2019» аз чорабиниҳои пешина дар он буд, ки ин навбат ҷаласаи панели «Муаррифии лоиҳаҳои инвеститсионию тиҷоратии соҳибкорони ҷавони вилояти Суғд» ва Форуми ҳамкории байниминтақавӣ, имкониятҳо ва дурнамо доир гардид.

Дар ҳамаи шаш Ярмарка – намоиш – ҳамоишҳо самтҳои асосии рушди иқтисодиёти бозоргонии муосир ва соҳибкорӣ, савдову тиҷорат, сармоягузорӣ баррасӣ гардида, хеле созишномаҳои ҳадафрас ва меморандумҳо барои содироти маҳсулот ва воридоти технологияҳои навтарини муосир ба имзо расонида шудаанд.

Ярмаркаҳои доиршуда – аз имсол ва панҷ сол пеш ба он далолат медиҳанд, ки воқеан, шароиту имконоти афзунгардонии иқтисоди миллӣ дар вилояти Суғд афзун буда, молҳои истеҳсолӣ ба роҳи содиротӣ ва воридотивазкунанда нигаронида шуда, доираҳои соҳибкории вилоятро мадад мерасонад, ёрӣ медиҳад ва раҳнамун месозад. Молҳои бозоргир ҳамеша дар масири додугирифт қарор доранд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh