Барқро самаранок истифода барем!

Чаро бархе то ҳол аз лампаҳои тафсон истифода мекунанд?

Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Бо назардошти ин омилҳо самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он муҳим мебошад. Дар сурати риояи омилҳои зикргардида он ҳам барои ғанӣ гардонидани шароити оила ва ҳам буҷети давлат муфид аст.

Бино ба иттилои намояндаи шабакаҳои барқи ноҳияи Спитамен Оймаҳмад Раҳмонов шабакаи мазкур дорои 6 зеристгоҳ буда, он барои таъмини нерӯи барқи сокинони минтақа фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Имрӯз зеристгоҳҳои мазкур барои бе монеа паҳн намудани нерӯи барқ ба аҳолӣ аз таъмир бароварда шуда, мушкилӣ дар ин самт ба назар намерасад.

- Бо вуҷуди бо нерӯи барқ таъмин намудани аҳолӣ, имрӯз талафот ва қарзи нерӯи барқ аз ҷониби сокинон ва баъзе корхонаву ташкилоти гуногун зиёд аст. Пайдост, ки ҳам корхонаю муассисаҳо ва ҳам аҳолӣ ба истифодаи нерӯи барқ ниёзи доимӣ доранд. Мо – кормандону мутахассисони соҳа оид ба коҳиш додани талафот ва пардохти саривақтии маблағи он байни сокинон корҳои тарғиботӣ гузаронида истодаем, - мегӯяд масъули соҳаи барқи ноҳия.

Тибқи маълумоти намояндаи шабакаҳои барқи ноҳия дар ҳашт моҳи соли равон шабакаҳои барқ ба миқдори 101 миллиону 248 ҳазор кВт соат барқ истифода бурда, ба маблағи 25112300 сомонӣ ҳисобида шуда, пардохти он бошад 24028700 сомонӣ мебошад, ки ин нишондиҳанда 95,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар шабакаҳои барқи ноҳия дар умум мувофиқи ҳамаи соҳаҳо қарзи истифодаи нерӯи барқ беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин қарзи аҳолӣ беш аз 5 миллиону 680 ҳазор сомонӣ, ғайрисаноатӣ 1 миллиону 426 ҳазору 200 сомонӣ мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки қарзи бисёр асосан ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия рост меояд, ки дар маҷмӯъ 2 миллиону 420 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки сабаби ин ҳолат пеш аз ҳама саривақт напардохтани ҳаққи хизматрасонии барқ аз ҷониби муштариён буда, бештари қарзи сокинон аз солҳои пеш боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳолат аҳолиро зарур аст, ки ҳаққи истифодаи нерӯи барқро саривақт пардохт намуда, бо ин амали хеш барои таъмини доимии барқ саҳмгузор бошанд.

Масъалаи дигар ин аст, ки алҳол бархе сокинон ҳанӯз ҳам аз лампаҳои тафсон истифода мебаранд. Ҳарчанд истифодаи чунин лампаҳо манъ гардида бошад ҳам, сокинон онро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Ҷиҳати сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расонида шудааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади таъмини ҳарчӣ бештари аҳолӣ бо нерӯи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”.

Мутахассисон таҳлил намуданд, ки дар сурати истифодаи 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион кВт соат баробар мешавад, яъне ивази лампаҳои тафсон ба каммасраф танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар 3 миллиарду 120 миллион кВт соат нерӯи барқро сарфа мекунад, ки ба ҳаҷми истеҳсоли нерӯгоҳи барқи обии дорои иқтидори 810 мегаВатт баробар аст.

Ин нишондиҳандаҳо баёнгари онанд, ки мо зимни пурра гузаштан ба лампаҳои каммасраф хароҷоти беҳудаи нерӯи барқро пешгирӣ намуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи оилавӣ манфиати бештар мерасонем.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh