КОРГОҲИ СЕМЕНТ БУНЁД МЕГАРДАД

Роҳбарияти ҶДММ «Спитамен» соли 2011  дар ноҳияи Деваштич коргоҳи оҳакбарорӣ бунёд намуда буданд,  ки маҳсулоти хушсифати он берун аз вилоят ҳам харидоргир аст. Бо ташаббуси соҳибкорон ва дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар нохия заводи оҳаку сементбарорӣ арзи вуҷуд хоҳад кард.

Назар ба гуфти директори ҶДММ «Спитамен» Анварҷон Нурмаҳмадов коргоҳ бо технологияи муосири давлатҳои Туркия, Россия ва Чин, ки ҷавобгуйи талаботи замон  мебошаду аз ҷиҳати экологӣ ба гирду атроф безарар аст, якуним сол бунёд мешавад. Дар марҳалаи аввал коргоҳ рӯзе то сад тонна оҳак истеҳсол менамояд ва пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтан истехсоли шабонарӯзии оҳак то 300 тонна расонида хоҳад шуд. Баробари истеҳсоли оҳак  баровардани семент низ ҷараён гирифта, яндаи наздик дар коргоҳ беш аз 200 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд гашт.

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ

Add comment


Security code
Refresh