МАСТЧОҲ: ОЁ СОХТМОНИ ИНШООТ ДАР МУҲЛАТИ МУАЙЯНШУДА БА ИҶРО МЕРАСАД?

- Мувофиқи нақша - чорабиниҳои тартибдодашуда то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бояд 535 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шавад, ки аз он дар соли 2018 – ум 79 иншоот ба маблағи 38 миллион сомонӣ бунёд гардид. Амалҳои бунёдкоронаю созандагӣ бомаром ҷараён дошта, сокинони ноҳия дар ин бобат саҳми худро мегузоранд, - иттилоъ доданд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

210 банд ба нақша гирифта шуда, аз он 91 банд иҷро ва боқимондаи иншоот то таҷлили 30 - солагии соҳибистиқлолии кишвар мавриди истифодабарӣ қарор хоҳад гирифт. Бояд қайд кард, ки аз ин нишондиҳанда 268 адад бевосита иншооти сохтмонӣ буда, боқимонда таъмир, корҳои ободонӣ, аз қабили кабудизоркунӣ ва гулгашт мебошад.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2020 ҷашни 23 - солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ таҷлил хоҳад шуд. Вобаста ба ин санаи таърихӣ дар ноҳия 9 иншооти сохтмонии фарҳангию иҷтимоӣ, аз ҷумла Қасри фарҳанг, варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, Қасри паҳлавонон, мактаб, кӯдакистони хусусӣ, шуъбаи маориф, бинои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, молия, адлия идома дошта, ба корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд. Иншооти мазкур мувофиқи нақша то ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар сохтмони иншооти мазкур беш аз 400 нафар сохтмончиён меҳнат мекунанд. Чунин сохтмонҳо аз як ҷиҳат, агар барои ободиву зебо гаштани диёри мо асос гузорад, аз ҷониби дигар барои бо ҷойи корӣ таъмин шудани мутахассисону сокинони маҳаллӣ, болоравии шароити иқтисодии онон мусоидат менамояд. Чун бевосита аз ҷараёни корҳои сохтмонии Қасри фарҳанги ноҳия дидан намудем, шоҳид гаштем, ки сохтмони бино қариб сохта шудаву сохтмончиён бо корҳои болопӯшӣ, андовагариву пардоз машғуланд. Аснои суҳбат сохтмончиён баён доштанд, ки дар иншооти сохтмонӣ тамоми шароити корӣ, техникаи зарурӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои сари вақт ва босифат анҷом додани сохтмон фароҳам оварда шудааст.

 - Солҳои пеш ба Федератсияи Русия ба муҳоҷират мерафтаму бо азобу машаққат дур аз фарзандону пайвандон ризқу рӯзӣ меёфтам. Алҳол 3 сол инҷониб бо зиёд шудани сохтмони биноҳои гуногун дар ноҳия бо ҷойи корӣ таъмин ҳастаму маблағи хуб низ ба даст меорам, ки ин, албатта, аз ҳар ҷиҳат барои мо барин мутахассисон муфид аст, - гуфт сохтмончӣ, сокини маҳаллӣ Илҳом Ҳасанов.

Ҳамчунин, масъулин изҳор доштанд, ки дар раванди корҳои ободониву созандагӣ дар доираи нақша - чорабиниҳои 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ҳамагӣ 52 километр роҳи асосӣ ва дохилӣ таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш бояд шавад. Вале чун дар мавриди имсол чӣ миқдор роҳҳои ноҳия мумфарш карда шуданд, муовини раиси ноҳия Шавкат Солеҳиён изҳор дошт, ки қисми банақшагирии тамоми инфрасохтори қадди роҳҳо, ҳамворкунӣ, омодакунӣ ба иҷро расидааст.

Мумфаршкунии роҳҳои шаҳраку ноҳияро ширкати хитоӣ ба зимма гирифтааст, вале бинобар ҳал нашудани муаммоҳои молиявӣ он то имрӯз ба таъхир афтодааст. Бо вуҷуди ҷой доштани бархе аз муаммоҳо масъулин изҳор медоранд, ки нақша - чорабиниҳои сохтмонию корҳои ободониро вусъат бахшида, то ҷашнҳои таърихии кишвар бунёди иншоотро сари вақт ва бо сифати баланд мавриди истифодабарии омма қарор хоҳанд дод.

М.САМАДОВА,
Ш.ОЛИМОВА,
Хуҷанд - Мастчоҳ- Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh