ИСТАРАВШАН: ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ БОИСИ НИГАРОНИСТ!

Алҳол дар шаҳру навоҳии вилоят баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят Суғд бобати омодагии саривақтӣ дар давраи тирамоҳу зимистон масъулон ҷидду ҷаҳд доранд.

имистонгузаронӣ ба шаҳри Истаравшан омадем. Зимни сафар бо чанде аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва Сабристон ошно гардидем. Ҳангоми боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 61 – уми деҳаи Файзи Истиқлоли ҷамоати деҳоти номбурда аён гардид, ки он тариқи ҳашар бунёд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити хуб дорад.

Чун бо директори таълимгоҳ Салоҳат Ҳакимова оид ба омодагии муассиса ба давраи зимистонгузаронӣ суҳбат оғоз кардем, аввал андаке хомӯш нишасту сипас, каме, ба қавле суханро хоида – хоида, аз нахаридани ангиштсанг ва муаммоҳои ҷойдоштаи он ҳарф зад. Ҳангоми азназаргузаронии анбори муассиса аён гардид, ки он ҷо холист, хокаи ангишти солҳои пешин замину деворҳои анборро иҳота намуда, интизори омадани ангишти хушсифат мебошад. Вақте аз захираи ҳезум пурсон шудем, номбурда гуфт, ки харидорӣ шудаасту рӯзҳои наздик меоранд. Аз ин бармеояд, ки ба зимистон ҳезум низ захира нашудааст.

Тибқи супориши Раиси вилоят, бояд муассисаҳои таълимӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон то 15 – уми сентябри соли равон ба пуррагӣ омода бошанд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, охири моҳи сентябр шудаву дар муассисаҳои номбурда захираи ангишту ҳезум ва ойнабандӣ хуб ба роҳ монда нашудааст.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 ангишт захира шуда бошад ҳам, сифати он хуб набуда, аксари халтаҳои ангиштсанг пур аз хокаи ангиштанд. Вақте аз масъулин директори мактабро пурсон шудем, - “Бо кадом коре ба шаҳр рафтагӣ” гуфтанд. Мо роҳбарияти мактабро пайдо карда натавонистем. Синфхонаҳо ифлос ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданд, мизу курсиҳо низ кӯҳнаву фарсуда ба назар мерасид.

Масъулони мактабҳои зикргардида асосан дар бобати норасоии китобҳои дарсӣ, аз қабили фанни забонҳои англисӣ, русӣ, алгебра, физика, технологияи информатсионӣ барои синфҳои болоӣ изҳори нигаронӣ карданд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Диловар Азимов оид ба таъмини захираи ангишту ҳезум ва ойнабандӣ маълумот пешниҳод намуда, қайд кард, ки дар ҳамаи муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр, мувофиқи нақша, бояд 1255 тонна ангиштсанг ва 376 куб ҳезум захира карда шавад. То имрӯз захиракунии ангиштсанг 100 фоиз, ҳезум 102 фоиз ва шишабандӣ пурра иҷро шудааст. Байни муассисаҳои таълимӣ ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сомони Истаравшан» барои таъмини ангиштсанг шартнома баста шудааст.

 Лекин вазъияте, ки мо зимни сафар мушоҳида намудем, тамоман дигар буд. Худ қазоват кунед, ин арқом шаҳодати бемасъулиятии масъулини соҳа аст ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ? Масъулини соҳаро зарур аст, ки дар ин самт камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Ҳадафи қабули қарорҳо ва фармоишоти мақомоти болоӣ ба он хотир аст, ки омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар сатҳи зарурӣ сурат бигирад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”,
Хуҷанд – Истаравшан - Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh