Ҳадаф: риояи талаботи қонунгузорӣ

Дар Осоишгоҳи “Баҳористон” - и шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ - омили асосии истеҳсоли маҳсулоти босифат ва бехатар” ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” баргузор гардид.

Дар семинар роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт ва марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Конибодом ва Исфара иштирок намуданд.

Муовини директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Сангин Сангинзода изҳор дошт, ки мақсади асосии семинар ин шиносоӣ бо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи йоднокгардонии намак”, истифодаи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаву муассисаҳо, талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ", “Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ” иборат мебошад.

Дар идомаи семинар муовини директори Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситора Шерзода зикр дошт, ки давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба фаъолият шурӯъ намуд ва хушбахтона, воридоти чандин намуди маҳсулоти ғизоӣ, бахусус гӯштӣ ва ширӣ, обҳои нӯшокӣ, афшураҳо, қаннодӣ ва, шириниҳо аз хориҷи кишвар ба мамлакати мо хеле коҳиш ёфта, номгӯи чанд маҳсулоти хӯрока ба хориҷи кишвар содирот мешаванд.

Маҳкамбой КАРИМОВ,
сардори дафтари матбуоти Маркази
Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh