Мулоқот бо соҳибкорони Бӯстон

Чанде қабл бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Бӯстон, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ мулоқот бо соҳибкорону тоҷирон оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба рафти иҷрои корҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолият ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ Меҳроҷиддин Муллоев оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҳисобот дод. Маҳмадсаид Шоҳиён оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳнамоиву пуштибонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро баён дошта, таъкид кард, ки Истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти он аз ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос тақозо мекунад, ки дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошем.

Мамнури МЭЛС,
шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh