Коррупсия - омили хатарнок

Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо фаъолзанон ва омӯзгорон дар мавзӯи “Коррупсия - омили хатарноки ҷомеа” вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки коррупсия дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гардида, оромиву суботро халалдор месозад. Он яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризм ва экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд.

Чӣ хеле Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Коррупсия амали номатлуб буда, ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи на фақат мақомоти давлатӣ, балки ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад”.

 Нилуфар Носирова,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh