ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, ки аз 450 банд иборат мебошад, корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.

Дар арафаи ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар қаламрави шаҳри Истаравшан, аз ҷумла, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ азнавсозӣ, сохта ба истифода супоридани 12 иншооти гуногун роҳандозӣ карда шуд. Аз ҷумла, толор ва майдончаҳои варзишӣ, ба истифода додани 10 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавқандак, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо маркази хизматрасонӣ, тӯйхона, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳо ва гузарҳо, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз нишондоди дар боло зикргардида соли равон сохта, ба истифода додани 152 иншооти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ иҷрои 109 банди он роҳандозӣ гардид.

Инчунин, корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоату шаҳрак ва деҳоти шаҳр бомаром идома дорад. Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Чорбоғ Ойбек Шарифов зикр намуд, барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 нақшаи чорабинӣ тартиб дода, то имрӯз чанд иншоот ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳа таъмири ҷории беш аз 500 метр роҳи кӯчаҳои марказии деҳаи Файзи Истиқлол, кофтани чоҳҳои амудӣ, бо оби полезӣ таъмин намудани Хоҷагии деҳқонии «Зилола - 1» ва «Ото - Норбой», сохтани шаш синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 - уми деҳаи Чорбоғ, се синфхонаи иловагӣ ва як китобхонаи замонавӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 – ум дар деҳаи Файзи Истиқлол барои хонандагон ба истифода дода шуд, - гуфт мавсуф.

Ҳамчунин, сохтмони бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Чорбоғ аз тарафи соҳибкорон, пули мошингузар дар назди бинои нави маъмурияти ҷамоат, ҷудо намудани ҳуҷраи иловагӣ барои хатнаи кӯдакон дар Маркази саломатии деҳа, азнавсозии шуъбаи бачагонаи беморхонаи минтақавии №2 - юми деҳа ва таъсиси як корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бо 10 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Зимни сафар маълум гардид, ки дар Ҷамоати деҳоти Сабристон як қатор иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва хизматрасонии маишӣ сохта, ба истифода дода шуданд: ҳаммоми замонавӣ, маҷмааи хизматрасонӣ иборат аз сартарошхона, кошонаи ҳусн, маркази хизматрасонии озуқаворӣ ва дигар иншооти гуногун аз ин шуморанд.

Зимни боздид аз чойхонаи Сабристон аён гардид, ки он аз тарафи аҳолӣ ва соҳибкорон таъмири хушсифат шудаву барои истироҳату фароғати мардуму меҳмонон ба фаъолият оғоз намудааст.

Сокинони шаҳр минбаъд низ аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи саривақтиву босифати нақшаҳо ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ равона менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh