Раҷаббой Аҳмадзода: Пешрафти иқтисодиёт ба рушди соҳаи саноат марбут аст!

Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2019

Санаи 11 – уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли равон баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру навоҳӣ, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, андозу гумрук ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

­­­­Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят ва бобати истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ ва 5500 – солагии Саразми бостонӣ ҳарф зад.

Муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолият дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2019 - ум маърӯза намуд.

Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки дар ин давра аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят таъмин шудааст.

Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 9 моҳи соли 2019 - ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8,9 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,1 млрд. сомонӣ ё 113,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, 107,7 фоизро ташкил медиҳад.

Баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.

Раванди иҷрои супориши Роҳбари давлат бобати дар ҳар як шаҳру ноҳия таъсис додани корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ зери назорат қарор дода шуда, дар ин давра дар вилоят 13 корхонаву коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 124 ҷойи корӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент 2 - ададӣ, Айнӣ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон 1 ададӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 612 корхонаи саноатӣ 532 корхона ё 86,9 фоиз фаъолият бурданд. 80 корхона ё 13,1 фоизи корхонаҳои вилоят фаъолият накарданд.

Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2019 ба истифода додани 100 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1730 ҷойи нави корӣ дар назар дошта, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 82 корхонаву коргоҳи нав бо 1239 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 5456,9 млн. сомонӣ расониданд, ки баробари 108,1 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. 

Барои ҳосили соли 2019 дар масоҳати 274807 гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз ин миқдор майдони кишти баҳорӣ 182637 гектарро дарбар мегирад. Аз майдони умумии кишт 230022,8 гектар ё 83,7 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44784,2 гектар ё 16,3 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.

Дар майдони 58454,1 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки нисбати соли сипарӣ 1260,5 гектар зиёд мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ҳамагӣ 271774,5 тонна, аз ҷумла гандум 122926,7 тоннаро ташкил додааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2018 мутаносибан 22,9 ва 15,4 фоиз зиёд мебошад. 

Дар соҳаи растанипарварӣ дар 9 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 379069,6 тонна сабзавот, аз ҷумла 128465 тонна пиёз, 314807 тонна картошка, 105059,6 тонна полезӣ, 128346,7 тонна мевагӣ ва 51046,5 тонна ангур истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 95,4 фоиз, 80,2, 105,9, 113,2, 110,5 ва 101,5 фоизро ташкил додааст.

Дар вилоят нисбати рушди соҳаи пахтакорӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Дар мавсими ҳосилғундории соли 2019 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 129050 тонна пешбинӣ гардидааст. Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили пахта муташаккилона ҷараён дошта, то санаи 9 октябр 59363 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.

Дар ҷаласа таъкид гашт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таҷдиди 6969 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, бунёд ва азнавбарқароркунии қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ ва коркарди шир, толору майдончаҳои варзишӣ дар ҳар як деҳа, маҳалла ва биноҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, дар соли 2019 - ум бунёди 2471 иншоот ба нақша гирифта шуда, амалан 1872 иншоот ба истифода дода шуд, ки 75,7 фоизи нақшаи солонаро дарбар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра наздик 3224 иншооти гуногун ба истифода дода, нақшаи умумӣ 46,2 фоиз иҷро шудааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо ҳамагӣ 108,1 фоиз иҷро гардида, 2342,55 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 165,65 км таъмири асосӣ, 923,4 км таъмири ҷорӣ ва 1253,5 км шағалпӯш гардидааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоятро дар ин давра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бобати вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои амиқ дод.

Аз ҷумла, Раиси вилоят вазъи соҳаи саноати вилоятро мавриди таҳлил қарор дода, аз таъмин нагардидани рушди соҳа дар ин давра изҳори нигаронӣ намуд.

- Пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят ба рушди соҳаи саноат марбут аст. Вале нишондиҳандаҳои соҳаи саноати вилоят дар нуҳ моҳи соли равон қонеъкунанда нест. Дар ҳоле ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати мамлакат – ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидаааст, мо бояд рушди соҳаи саноатро дар вилоят таъмин намоем, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят сабабҳои коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва барҳамхӯрии якчанд корхонаҳои соҳаро аз масъулин пурсон шуда, дастур дод, ки баҳри беҳтар намудани вазъи соҳа ситоди махсус ташкил ва камбудиҳо бартараф карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Гулистон, Айнӣ, Мастчоҳ, роҳбарони як қатор сохторҳои вилоятӣ пурсиш ба амал оварда, роҳбарону масъулинро вазифадор намуд, ки бобати вусъати корҳои созандагию ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус коргоҳҳои саноатӣ, иҷрои нақшаи андоз, коркард ва содироти бештари маҳсулот, ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши гармхонаҳо, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо, таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ, солимии ҷомеа, пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳо ва амалҳои номатлуб, муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон, пардохти саривақтии музди меҳнат, пардохти маблағи нерӯи барқ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои муҳим корбарӣ намоянд.

Мухтори Абдулло,
 “Ҳақиқати Суғд”


 

Add comment


Security code
Refresh