ЭҲЁИ КОРГОҲ - ИҚДОМИ НЕК

Бо мақсади мавод омода сохтан ду ё се сол қабл ба саҳни коргоҳи ҶСК «Лаъл» ворид гардидам. Посбон дарро боз намуду пас аз салому алейк оиди қатъи фаъолият хабар дод. Назаре ба саҳни ҳавлии коргоҳ намудам. Он манзилеро мемонд, ки солҳо касе қадам нагузоштааст - саҳни ҳавлӣ ва тарҳи биноҳо аз ин ҳол дарак медоданд. Ҳол он ки замоне ин ҷо ҳар субҳу шом беш аз ҳазорҳо нафар қадам мегузоштанду ризқи хеш меёфтанд.

Чанде пеш оиди ба фаъолият пардохтани коргоҳ паёми хуше расид.

Алъон дар коргоҳ хомӯшии солҳои пешинро овози дастгоҳи фаъолиятбурдаистода халалдор сохта, дар саҳни ҳавлӣ ва анбор зарфҳои дулитраву селитра қатор буданд.

Директори иҷрокунанда оид ба сифат ва фурӯши маҳсулот Муҳайёхон Мақсудова аз таърихи коргоҳ, таъмиру тармим ва ба кор оғоз намудани он чунин гуфт:

- Бале, ба кор андохтани коргоҳ мушкилиҳои худро дошт. Пас аз солҳои хомӯшӣ истеҳсоли нахустин зарфҳои шишагӣ иқдоми хушест, - зикр дошт М.Мақсудова.

Назаре ба таърих

Коргоҳ пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 2013 фаъолият бурд. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо иқтидори хеле калон - то 137 миллион дона зарфҳои шишагии андозааш гуногун истеҳсол кардааст, ки ин нишондиҳандаи аз ҳама беҳтарин дар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт.

Пас аз соҳибистиқлолии кишвар, гарчанде бо сабабҳои мушкил будани воридоти ашёи хом, тарки манзил намудани мутахассисон ва дигар омилҳои пешомада аксари корхонаҳои истеҳсолӣ аз фаъолият бозмонда бошанд ҳам, аммо ҶСК «Лаъл» то соли 2013 - ум амал кард.

Дар давраҳои пешин шаш намуди зарфи шишагӣ (банка) дар ҳаҷми аз 0,65 то 3 - литра ва инчунин шишаҳо барои маҳсулоти ширӣ ва машрубот истеҳсол гардида, ба давлатҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон содирот мешуданд. Соли 1989 коргоҳ баъди азнавсозӣ ба ҷойи чор шаш хатти истеҳсолӣ таъсис дода, то 150 миллион дона зарфҳои шишагии гуногунҳаҷм истеҳсол намуда, шуҳраташ ҷаҳонӣ гардид. Вале пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боис шуд, ки воридоти ашёи хом коста гардида, аз соли дуҳазору нӯҳум маҳсулоташон танҳо ба корхонаҳои консервабарории ҳудуди кишвар равон шуданд. Буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ бошад, коргоҳи дар се баст фаъолиятбарандаро муддате ба мавсимӣ ва баъди чанде дарбаста намуд. Соли 2013-ум бо сабабҳои воқеӣ ва қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҶСК «Лаъл» аз фаъолият бозмонд.

Риштаи гусаста пайваст шуд...

Ташрифи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, маслиҳату дастур оид ба эҳёи дубораи истеҳсолот, дастрасии таҷҳизоти муосир ва муҳайё сохтани ҷойи корӣ боис гардиданд, ки мутасаддиён аз пайи ба кор андохтани коргоҳи саноатӣ бошанд.

Соли 2018 бо талаботи Бонки рушди Аврупо мудири беруна интихоб гардид ва ӯ ба сифати мушоҳидакор давоми чор моҳ ҳолати корхонаро омӯхта, ба хулосае омад, ки эҳёи он имконпазир аст.

- Ҳамин нукта моро фараҳманд сохта, аз моҳи январи соли 2019-ум ба таъмиру тармими коргоҳ пардохтем, - зикр дошт ҳамсуҳбатам.

Солҳои қаблӣ барои пухтани зарфҳои шишагӣ аз сӯзишвории гази табиӣ истифода мебурданд. Имрӯз боиси хурсандист, ки, - мегӯяд сардори шуъбаи техникии коргоҳ Содирҷон Зарифов, - бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон риштаҳои гусастае, ки тӯли беш аз бисту панҷ сол идома дошт, боз бо ҳам пайваст гардид.

Бо ташаббуси ду роҳбари хирадпеша - Сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон сарҳадҳо боз гардиданду робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ байни ду давлат рушд ёфт. Имрӯз ҶСК «Лаъл» дар вилоят ягона коргоҳест, ки аз гази табиии Ҷумҳурии Ӯзбекистон васеъ истифода мебарад.

Истеҳсол ҳаст, фурӯш суст…

Пас аз ба итмом расидани таъмиру тармими хатҳои технологӣ ва хумдони шишапазӣ моҳи июли соли ҷорӣ коргоҳ ба фаъолият пардохт.

- Гӯё коргоҳ аз сари нав эҳё шуд. Алҳол дар анбор беш аз 400 ҳазор дона зарфи ҳаҷмаш дулитра ва 100 ҳазор зарфи селитра захира гардида бошад ҳам, - арз медорад мутасаддӣ, - вале фурӯши он суст гардидааст.

Сабаби харидор надоштани маҳсулоти истеҳсолшударо мутасаддӣ аз гарм омадани обу ҳаво дар фасли тобистон ва мувофиқи матлаб набудани ҳосили меваю сабзавоти консервагӣ медонад. Алҳол маҳсулоти заводи мазкур дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон харидорони худро дорад.

Ашёи хомаз дохили кишвар

Суръати кории ҶСК «Лаъл» қаноатбахш аст. Наздик ҳаштод фоизи ашёи хом ба коргоҳ аз дохили кишвар, яъне аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Спитамен ва гази табиӣ барои пухтани зарфҳои шишагӣ ва соддаи калтсийкардашуда аз Ҷумҳурии ҳамсоя – Ӯзбекистон дастрас мегардад.

Баробари ба кор оғоз намудани коргоҳ мутахассисон даъват шуданд ва алҳол беш аз 40 нафар соҳиби ҷойи корӣ ва музди маоши ба ҳисоби миёна аз ҳаштсад то якуним ҳазор сомонӣ гардиданд, ки даҳ нафари ононро ҷавонон ташкил медиҳанд.

- Албатта, пас аз хомӯшиҳои зиёд ба кор оғоз намудан мушкилиҳои худро дорад, сарварони коргоҳи мо низ бо чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ гардиданд.

Нахуст мутахассисонеро, ки солҳои сол дар ҳамин коргоҳ фаъолият доштанд, дубора даъват намудем, воридоти гази табиӣ ва технологияи навтаринро таъмин кардем, ки ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад, - қайд кард М.Мақсудова­­­.

Сайқали касб

Боиси хурсандист, ки барои азбаркунии усули сохтмони хумдони шишапазӣ ва аз худ намудани технологияи муосир мутахассисон дар давлатҳои Украина ва Белгия донишу маҳорати хешро сайқал бахшиданд.

Ҳангоми суҳбат сармуҳандис Ҳабибулло Умаров гуфт: - Боиси хурсандист, ки наздик ҳаштод фоизи маҳсулоти хом аз дохили кишвар дастрас мешавад, аммо ашёи хоми аз берун воридшаванда то ҳол мушкилоти хешро дорад. Масалан, соддаи калтсийкардашуда аз Федератсияи Россия ва ё Ӯзбекистон ворид мегардад.

Арзиши аслии як тоннаи он 200 - 250 доллари амрикоист, то ба мо ворид гардидан 300 доллар ва аз он зиёдтарро ташкил медиҳад. Мушкилоти дигари мо инчунин дар он аст, ки истеҳсоли зарфҳои шишагӣ нозукиҳои худро дорад. Масалан, миқдори муайяни маҳсулоти омодагардида мешиканад ва барои коркарди дуюмбораи он боз қувваи корӣ ва барқу гази табиӣ масраф мешаванд.

Солҳои қаблӣ барои азнавсозии хумдонҳои шишапазии ғунҷоишаш то даҳ ҳазор тонна ва ё таъмири капиталии он мутахассисон аз дигар давлатҳо даъват мешуданд, алҳол аз соли дуҳазорум инҷониб ба он комёб гардидем, ки ҳамин ҳунарро кормандони коргоҳ аз бар намоянд. 

Агар ҷавонон меомӯхтанд…

Собиқадорони арсаи меҳнат мудири сех Искандар Исмоилов, сармуҳандис Ҳабибулло Умаров, сардори шуъбаи техникӣ Содирҷон Зарифов, устоҳо Маъруфҷон Маҳкамов, бародарон Носир, Собир ва Ҳошим Болтубоевҳо, Абдуқайюм Юсуфов, Ҳусейн Усмонов, Нозим Раззоқов ва дигарон дар омода сохтани коргоҳ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат хизмати арзанда намудаанд. Гарчанде собиқадорони соҳа мутахассисон - ворисони ояндаро дар ҳамин коргоҳ меомӯзонанд, аммо тавре М. Мақсудова иброз медорад, танҳо дар Донишгоҳи технологии шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва ё донишгоҳҳои дигар давлатҳо мутахассисонро омода мекунанд, вале донишгоҳҳои технологии мо ақаллан факулта ва ё бахше надоранд, ки ҷавонон инчунин, ҷиҳати илмии онро низ аз бар намоянд.

Бо вуҷуди он дар коргоҳ даҳ нафар ҷавон ба сифати шогирд фаъолият бурда истодаанд ва мутахассисони варзида кӯшиш доранд, аз нозукиҳои касби шишапазӣ, мушкилоти он ворисони ояндаро ошно созанд.

Туҳфаи беҳтарин

Бояд зикр дошт, ки ҳангоми таъмиру тармим ташрифи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва чанд таклифу маслиҳати эшон боис гардид, ки кормандон ба кор оғоз намоянд ва тавре директори иҷрокунанда оид ба сифат ва фурӯши маҳсулот Муҳайёхон Мақсудова иброз медорад, гарчанде дар солҳои аз фаъолият бозмондан мо харидорони хешро аз дигар мамолик бохтем, аммо боз гардидани сарҳадҳо байни ду давлати ҳамсоя, ворид гардидани гази табиӣ, дастрасии таҷҳизоти муосир моро вазифадор месозад, ки маҳсулоти шишагии ҳаҷмаш гуногун ва сифатан аълоро истеҳсол намуда, дар бозори ҷумҳурӣ мавқеи худро ёбем.

Чунин иқдом ба истиқболи ҷашни таърихии дар пешистодаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - босуръат саноатикунонии мамлакат туҳфаи беҳтарине мегардид.

Тавре мутахассисон иброз медоранд, мавсими кории ҶСК «Лаъл» соли равон то моҳи ноябр ба назар гирифта шуда, баъди хумдонҳоро ба пуррагӣ таъмир намудан аз моҳи майи соли 2020 - ум боз зарфҳои шишагии ҳаҷман гуногунро истеҳсол хоҳанд кард.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh