Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад

15 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов ва ҳамтои русаш Сергей Макаренкоро ба ҳузур пазируфт.

Бояд таъкид кард, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо соҳибкорони тоҷики муқими ин кишвар мулоқот карда, аз соҳибкорони бурунмарзӣ даъват карда буд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоянд. Соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов пас аз иштирок дар ҳамоиши соҳибкорон тасмим гирифт, ки дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни руси худ дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нав бунёд созад.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкоронро ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хуш истиқбол намуда, иброз дошт, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон аст.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи саноат таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти соҳибкорон шароити заруриро фароҳам овардааст.

Тавре зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, барои бунёди корхона аллакай корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст. Бо ташаббуси ин соҳибкор корхонаи нави “Хуҷандагро” ба истифода дода хоҳад шуд, ки ба коркарди сабзӣ нигаронида шудааст.

Тибқи лоиҳа корхона метавонад дар як шабонарӯз то 50 тонна сабзиро коркард сохта, аз 3 то 5 тонна сабзии хушк истеҳсол ва онро ба Русия содирот намояд.

Ҷонибҳо пас аз баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ бо рафти бунёди корхонаи “Хуҷандагро” шинос гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh