Раиси вилоят бо фаъолияти Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд шинос шуд

16 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд боздид намуда, бо фаъолияти он шинос гардид.

Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, масоҳати замини Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд беш аз ҳашт гектарро ташкил мекунад.

Дар муассиса бо мақсади таъмин намудани талаботи мавҷуда навъҳои гуногуни гулу ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабз ва мавсимӣ парвариш карда мешавад.

Гулу ниҳолҳои дар муассиса парваришшаванда аз қабили “салвия”, “петуня”, “тегетес”, “каталпа”, “арча”, “ардач” ва ғайраҳо барои сабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳаниву фароғатӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздид ба роҳбарияти шаҳр ва дигар масъулон дастур дод, ки барои таъмин намудани талабот дар мавсими нав фаъолияти муассисаро боз ҳам беҳтар намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh