Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара

Санаи 17 - уми октябри соли 2019 Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.

Раиси вилоят дар мулоқот аз ҳадафҳои созанда ва ободкоронаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, вусъати омодагиҳо ба ҷашнҳои миллӣ ёдовар шуда, ҳамзамон, вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфараро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

- Мардуми вилоят, аз ҷумла, сокинони сарбаланду меҳнатдӯсти шаҳри Исфара дар доираи татбиқи сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун кулли сокинони Ватани азизамон - Тоҷикистони маҳбуб бо рӯҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар суханрониҳояшон ба муносибати ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати мамлакат баён доштанд, ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат мекунанд, - зикр дошт Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода вазъияти иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давраи сипарии соли 2019 - ум таҳлилу баррасӣ намуда, бобати вусъати фаъолият дар самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр, бахусус соҳаи саноат дастуру супоришҳои амиқ дод.

Дар мулоқот аз ҷумла, зикр гардид, ки нақшаи буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли 2019 - ум 88,4 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 82 миллиону 732,5 ҳазор сомонии нақша 73 миллиону 152 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба нақша 9 миллиону 580,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ ҳам, мутаассифона, 91,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 62 миллиону 940 ҳазор сомонӣ 57 миллиону 838 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нақша 5 миллиону 102 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Аз ҳисоби иҷро нагардидани 3 намуди андоз (андоз аз даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои дигар ба буҷети маҳаллӣ) ба буҷет 9 миллиону 831,9 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст.

Раиси вилоят вазъи иҷрои буҷети шаҳрро таҳлил намуда, зикр дошт, ки дар 9 моҳи соли равон аз буҷети вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои сари вақт пардохтани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетии шаҳр 21 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ҳамин давра барои сохтмон ва таҷдиду барқароркунии иншооти гуногун дар шаҳри Исфара, аз ҷумла сохтмони бинои таълимӣ барои 8 синфхона дар назди муассисаи таълимии миёнаи умумии №23, толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, кофтани чоҳи амудӣ ва азнавбарқароркунии Қасри фарҳанг дар деҳоти Ворух ва амсоли ин беш аз 4 миллиону 310 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст.

- Соҳаи саноат дар Исфара замоне пешрафтаву машҳур буд, вале вазъи ин соҳа алҳол боиси нигаронист, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таъмини суръати рушди соҳаи саноат, бобати ба сатҳи соли гузашта баромадани 12 корхонаи саноатӣ ва ба кор даровардани 6 корхона корбариро мувофиқи талаб ба роҳ намонда, баръакс, ба камшавии шумораи кормандони соҳаи саноат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта роҳ дода шудааст.

Чунончӣ, оид ба иҷрои супориши протоколии Раиси вилоят аз 7 - уми августи соли 2018 ҷиҳати бо иқтидори пурра барқарор намудани фаъолияти ҶСК «Нилуфар» ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона то ҳол кори назаррас ба анҷом расонида нашудааст.

Ҳамчунин, боиси нигаронист, ки дар давоми 9 моҳи соли равон бобати кам кардани маблағи қарзи умумӣ аз нерӯи барқи истифодашуда тадбирҳои муассир андешида нашудааст. Аз ин рӯ, қарзи умумӣ аз истифодаи нерӯи барқ ба санаи 1 - уми октябри соли 2019 ба 47,7 миллион сомонӣ баробар шуда, аз ҷумла, қарзи ҷорӣ 2,2 миллион сомониро ташкил дод.

Раиси вилоят вазъи соҳаи кишоварзиро низ таҳлил намуда, зикр дошт, ки бинобар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани фаъолият аксари нишондиҳандаҳо тамоюли пастравӣ доранд.

Чунончӣ, дар нӯҳ моҳи соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр истеҳсоли карам 393 тонна, бодиринг 166 тонна, пиёз 104 тонна, полезӣ 170 тонна, тарбуз 170 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам истеҳсол шудааст.

Дар мулоқот вазъи соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳр низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳарчанд таъмини рушди бемайлони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат муқаррар шудааст, вазъи ин соҳаҳо дар Исфара беҳбудӣ металабад.

Чунончӣ, алҳол биноҳои алоҳидаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 9 ва 52 дар ҳолати қисман садамавӣ қарор доранд. Нақшаи харидани компютерҳо 33,7 фоиз ва тахтаҳои электронӣ 40 фоиз иҷро шудааст. То ҳол дар шаҳр ягон адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият надорад.

Соли 2019 - ум 47,9 фоизи хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ ба мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шудаанд, ки ин рақам аз нишондиҳандаи миёнаи вилоят (56,6 фоиз) паст мебошад.

Раиси вилоят бо қаноатмандӣ зикр дошт, ки шаҳри Исфара нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат иҷро кард ва ин боиси таҳсин аст.

- Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 дар шаҳри Исфара сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 379 иншоот пешбинӣ ва дар давоми 9 моҳ ҳамагӣ 55,8 фоиз иҷро шудааст, ки ин ҳолат боиси нигаронист, - зикр дошт Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷоми мулоқот изҳори боварӣ намуд, ки мардуми шаҳри бостонии Исфара ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат саъйу кӯшиш менамоянд ва ҷашнҳои бузурги миллиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

 Мухтори Абдулло,

“Ҳақиқати Суғд”

 

 
 
 

Add comment


Security code
Refresh