ТАЪСИСИ КОРГОҲҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИҚТИСОДИЁТ

Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудем. Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд. Дар ин раванд ташкил ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои хурду бузург дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардида, сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

 Соли 2016 дар арафаи иди байналхалқии Наврӯз бо иштироки Пешвои миллат коргоҳи коркарди нафти ҶДММ «Нафтрасон» ва коргоҳи банду басти меваи хушки ҶДММ «Меваи Канд» - и шаҳри Конибодом ба истифода дода шуд ва аз ҳамон рӯз эҳёи соҳаи саноати шаҳр оғоз ёфт. Аз соли 2015 то имрӯз дар шаҳр 15 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 420 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 194 миллион сомонӣ ва соли 2018 ба 262 миллион сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш мутаносибан 150 ва 128 фоизро ташкил дод.

Тавре дар суҳбат муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ зикр намуд, дар ҳашт моҳи соли равон аз тарафи корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 191 миллиону 912 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки баробари 129 фоизи нақша мебошад. Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда - ҶС «Ресмон», «Конибодоммаснуот», ҶДММ «Билол групп», ҶДММ «Бинокор 2013», ҶДММ «Ясминаи Канд» ва ҶДММ «Билол Суюлин Семент» мебошанд. Сабаби фаъолият накардани коргоҳҳои номбурда фарсуда шудани таҷҳизот аст.

Дар нӯҳ моҳи соли равон 3 корхона - ҶДММ «Бунёдкори Канд», ҶС «Конибодом» ва ҶДММ «Заррин Канд» аз нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, васеъ намудани истеҳсолот, ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда низ пайваста корҳо идома доранд.

 Раванди истеҳсолот дар натиҷаи сафарбар намудани захираҳои дохилӣ ва ташкили дурусти кор дар корхонаҳои саноатӣ сол аз сол беҳтар шуда истодааст, ки дар ин ҷода корхонаи таъмири қатораҳои Маҳрам намуна мебошад. Дар коргоҳ соли сипаришуда сехи истеҳсоли маҳсулоти резинӣ - техникӣ сохта, ба кор дароварда шуд, ки барои тамоми корхонаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон ва дигар корхонаҳо аз рӯи фармоиш маҳсулоти резинии ба равған ва бензин устувори стандартиро истеҳсол менамояд.

Дар ҶДММ «Нафтрасон» ва «Шоҳон» соли 2018 мутаносибан 13420 ва 4680 тонна нафти хом коркард шуд ва дар соли ҷорӣ барои як баробар зиёд намудани коркарди нафти хом талош доранд. Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи масъулини шаҳри Конибодом тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Аз ҷумла, Барномаи саноатикунонии шаҳр барои солҳои 2020 - 2025 тасдиқ гардидааст, ки бояд дар ин муддат 46 корхонаи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шаванд.

- Аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ моро водор менамояд, ки дар самти ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои муассир андешем, - гуфт Илҳом Ҳомидӣ.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh