МАҚСАД: ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РОҲҲО

Филиали Ширкати Саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ширкатҳои байналмилалие мебошад, ки бо мақсади нигоҳдории қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон - Чаноқ фаъолият мекунад. Вобаста ба омодагиҳои филиали суғдии ширкати мазкур дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 мухбирамон бо менеҷери минтақаи суғдии филиали Ширкати Саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Мизробшо Хоҷаев суҳбат намуд.

Имрӯз омодагиҳои бахши минтақаи суғдии филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020 дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Филиали ширкати мазкур оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 – уми марти соли 2019, №117, қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 – юми апрели соли 2019 , №181 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои солҳои 2019 - 2020” корҳои мушаххасро ба роҳ монда, ба зимистонгузаронӣ дар солҳои 2019 - 2020 пурра омода аст.

Вобаста ба қарорҳои мазкур нақша - чорабиниҳо тартиб дода шуда, барои таъмини бехатарӣ дар роҳ корбарӣ идома дорад. Аз рӯи нақша, барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар фасли зимистон ва омода намудани шароити иҷтимоии коргарон 20 метри мукааб ҳезум, 20 тонна ангишт, 40 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 2 ҳазор литр равғани молиданӣ ва 300 литр антифриз харида шуд.

Инчунин, то санаи 2 – юми октябри соли равон дар асоси нақша – чорабиниҳо дар роҳи автомобилгарде, ки ба филиали мо тааллуқ дорад, корҳои рангубор намудани истгоҳҳо, кашидани хатҳои уфуқӣ, тоза намудани қубурҳои обгузар, ранг кардани аломатҳои роҳ ва ғайра ба анҷом расонида шуданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки имрӯз барои таъмини бехатарии роҳу нақлиёт 300 тонна маводи зидди лағҷиш, аз ҷумла намаки техникӣ харидорӣ шудааст. Кормандони техникии ширкат онро бо қуми майдакардашуда омехта намуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида омода ва дар лаҳзаҳои зарурӣ истифода менамоянд.

 - Доир ба минтақаҳои хавфноктарини роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ чӣ гуфтанӣ доред?

- Роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ роҳи мураккаб аст. Роҳ дар кӯҳистон ҷойгир буда, бештар аз фаромадани тарма, сел, сангрезӣ ва лағҷидани кӯҳпораҳо осеб мебинад. Лекин роҳе, ки дар мувозинаи минтақаи суғдӣ ҷой гирифтааст, онқадар хавфнок нест. Танҳо дар минтақаи ноҳияи Шаҳристон аз километри 165 то 200 дар баъзан ҳолатҳо яхбандӣ мушоҳида мешавад. Дар фасли баҳор фаромадани сел дар километри 190 то 193 – ум мушоҳида мегардад. Ин минтақа таҳти назорати доимии кормандон қарор дорад.

 - Оё таҷҳизот ва лавозимоти техникие, ки барои бартараф намудани офатҳои табиӣ лозиманд, басандагӣ мекунанд?

- Дарвоқеъ, имрӯз таъмини техника ва лавозимоти техникӣ барои ширкати мо яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Зеро баҳри бартараф намудани офатҳои табиӣ техника лозим аст. Алҳол дар ширкат 53 техника мавҷуд буда, аз он 35 техникаи махсуси боркашӣ, хизматӣ ва инчунин таҷҳизоти лозимӣ, аз ҷумла 3 техникаи худпартои 8 тоннагӣ ва 4 адад 3, 5 тоннагӣ, 1 манипулятор, 5 автогрейдер, 2 экскаватор, 1 гидрорукав ва ғайра дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Умуман, воситаҳои техникие, ки имрӯз дар бахши минтақавии Суғд мавҷуданд, басанда буда, дар сурати зарурат пайдо шудан боқимонда техникае, ки таъмирталабанд, омода намуда, ба кормандон пешкаш мешавад. Ба ҳамаи ин техникаҳо ронандагони пуртаҷриба ҷалб гардидаанд, ки барои бартараф намудани офатҳои табиии рухдода ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Ҳамчунин, тавассути техникаҳои ширкат дар масоҳати зиёда аз 132 ҳазор метри мураббаъ дар қитъаҳои рақами 1 аз километри 180+900 то километри 194+450 ба масофаи 11 километру 450 метр ва дар минтақаи рақами 2 бошад, аз километри 339+200 то километри 344+800 ба масофаи 5 километру 600 метр таъмири ҷорӣ гузаронида шуд. Таъмири чуқуриҳои роҳ бошад, дар масоҳати 2270 метри мураббаъ ба анҷом расонида, роҳ барои рафтуомади нақлиёт омода карда шуд. Ҷоиз ба қайд аст, ки ширкат дорои корхонаи асфалтбарорӣ буда, то ин дам 19 ҳазор тонна асфалт истеҳсол кард, ки барои таъмири роҳ сарф гардид.

- Қайд кардан бамаврид аст, ки алҳол дар бахши минтақавии Суғд барои таъмини бехатарии роҳу нақлиёт инчунин, барои тоза намудани канори роҳ беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ фаъолият намуда, бо маоши хуб таъминанд. Тибқи дархост ба кормандон сару либоси корӣ, аз ҷумла мӯза, дастпӯшак, айнакҳои ҳимоякунанда харида ва дастрас гардидааст. Алҳол ҳамаи кормандони роҳдории ширкат ба минтақаҳои асосии муайянгардида сафарбар шуда, барои таъмини бехатарии роҳ тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. - Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбаторо: Истамҷони НАҶМИДДИН,
 “Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh