ИҚТИДОРҲОИ МАВҶУДА - ЗАМИНА БА ТАТБИҚИ ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ

Тараққиёти саноат ба давлат имконият медиҳад, ки захираҳои дохилӣ аз худ карда шаванд ва барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа равона гарданд. Маълум аст, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, то ин дам зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти конмонанди канданиҳои фоиданок кашф шудаанд.

Ҳамчунин, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои сурмаю нуқра дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Танҳо дар конҳои мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ, мувофиқи хулосаи мутахассисон, захираи сурма 265 ҳазор, тилло 50, нуқра 60 ва симоб қариб 1200 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо моҳи июни соли 2018 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои сохтмонӣ оғоз гардид, ки дар асоси нақша ба охиррасии корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2020 пешбинӣ шудааст. Бо мақсади боз ҳам ривоҷ додани истеҳсолоти саноатӣ соли 2015 Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» қарор қабул кард.

Дар асоси тадбирҳои андешидашуда, соли 2015 дар ҷумҳурӣ 468 истеҳсолоти нав бо фарогирии 8903 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Солҳои 2016 - 2017 ҷараёни сохтмони коргоҳҳои саноатӣ боз ҳам ривоҷ дода шуданд. Дар ин солҳо дар мамлакат ду корхонаи коркарди нафт бо иқтидори қариб 2 миллион тонна, се корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори зиёда аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна пахта, се корхонаи саноати кимиё, корхонаи металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна рӯҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз чандин корхонаи дигар сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳоло дар кишвар 6 корхонаи хурду калони истеҳсоли семент, 90 корхонаи истеҳсоли хишт, 50 корхонаи истеҳсоли регу шағал, 8 корхонаи коркарди санг ва ғайра фаъолият доранд. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои бузурги сементбарорӣ - ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» - и ноҳияи Ёвон, ҶДММ «Тоҷ Чайна» - и шаҳри Ваҳдат, ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корхонаи коркарди санг «Элегант» - и шаҳри Бӯстон ва ғайра ба фаъолият оғоз намуда, пурмаҳсул кор карда истодаанд.

Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давоми солҳои 2010 - 2015 корхонаҳои ресандагию бофандагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Чунончӣ, корхонаи ресандагии “Фаррез” дар ноҳияи Фархор, корхонаҳои ресандагии “Хуҷанд – Инвест - Коттон”, “Нику - Хуҷанд” дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи “Ҷуроббофӣ” дар ноҳияи Зафаробод, ширкати ресандагии “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар ноҳияи Ёвон ва дигарҳо. Дар солҳои минбаъда дар Тоҷикистон бо иштироки ширкатҳои гуногуни давлатҳои Австрия, Канада, Туркия, Россия, Хитой, Вйетнам, Ӯзбекистон корхонаҳои гуногуни саноатӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо имрӯз фаъолият намуда, дар кори пешрафти истеҳсолоти саноатии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Соли 2018 дар ҷумҳурӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 23 миллиарду 872 миллион сомонӣ расонида шуд, ки он нисбат ба соли 2017-ум 11,8 дарсад зиёд мебошад. Бояд афзуд, ки вилояти Суғд яке аз минтақаи саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он номгӯи гуногуни корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят имрӯз 641 корхонаи саноатӣ мавҷуданд, ки дар онҳо 166 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад.

Ҳамзамон, дар вилоят то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 300 корхонаи нави саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Ҳадафҳои миллӣ талаб менамоянд, ки раванди саноатикунонии мамлакат ҳарчӣ зиёдтар тезонида шавад ва танҳо чунин корбарӣ барои гузариш ба иқтисодиёти индустриалӣ - аграрӣ мусоидат менамояд.

Алиҷон ОДИНАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh