ТАКОНБАХШИ РУШДИ СОҲА

Cанаи 14 - уми октябри соли равон дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони маҳалливу бурунмарзӣ баргузор гардид.

Дар ин мулоқот аз вилояти Суғд низ як гуруҳ соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок доштанд. Яке аз соҳибкорони муваффақи вилоят, сарвари ҶДММ «САТН» Илҳом Бобоев низ дар ин мулоқот иштирок намуда, пас аз бозгашт таассуроти хешро чунин баён кард: - Хурсанд аз он ҳастам, ки дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиён ва соҳибкорони кишвар ширкат варзидам.

Дар он Сарвари давлат оид ба вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дарёфти роҳҳои рушди соҳаи саноат, воридоти технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва мусоидат намудан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат суханронӣ намуданд. Ҳамаи гуфтаҳои Пешвои миллат баҳри пешрафти соҳаи саноат ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар равона гардидааст.

Бобати пешрафту тараққиёти соҳа ва ободии кишвар низ изҳори назар намуда, зикр карданд, ки «Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудем. Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад». Аз ин суханронии пурмуҳтаво ва дилсӯзонаи Сарвари давлат бобати рушди соҳибкорӣ ва соҳаи саноати кишвар мо рӯҳияи тоза гирифта, иқдом гирифтем, ки истеҳсол ва коркарди ашёи хомро зиёд намуда, ҳамзамон, ба сифат ва ба талаботи ҷаҳон ҷавобгӯи молу маҳсулоти содиротшаванда аҳамияти бештар зоҳир намоем.

Бояд зикр кард, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол коркарди 900 тонна пахта буда, давоми нӯҳ моҳи соли равон 479,7 тонна дурри гаронбаҳоро коркард намудем. Инчунин, дар анборҳои мо 194 тонна захираи пахта мавҷуд буда, боз дар нақша дорем, 150 тоннаи дигар харидорӣ намоем, - гуфт Илҳом Бобоев. Инчунин, мавсуф қайд намуд, ки яке аз масъалаҳое, ки дар мулоқот зикр гардид, ин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намудани сокинони кишвар мебошад.

Алҳол дар корхонаи мо 523 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, музди маоши миёнаи онҳо ба 2357, 34 сомонӣ баробар мебошад.

- Ҳамзамон, мо тасмим гирифтем, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатамон дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ворид намудани таҷҳизоти муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, дар ободии кишвари азиз ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи хешро гузорем, - илова намуд Илҳом Бобоев.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh