РОБИТАҲО ТӮЛИ АСРҲО ТАШАККУЛ ЁФТААНД...

Эмомалӣ РАҲМОН: Робитаҳои гуногунҷабҳаи байни тоҷикону ӯзбекҳо ба таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар раванди таърихӣ ба миён омадаанд, асос ёфтааст. Умумияти анъанаҳо, расму ойинҳо, ақоиди динӣ, тарзи зиндагӣ ва, ҳатто, услуби либосҳои миллӣ, инчунин хусусиятҳои санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, табиатан халқҳои моро наздик намуданд.

- Падарам - Абдуҳаким Самадов худ зодаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, пас аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои кор ба давлати Тоҷикистон фиристонида мешаванд. Дар ин ҷо оиладор ва соҳиби 9 фарзанд гашта, дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудаанд.

Таърихи 8 – уми июни соли 1999 барои аҳли хонаводаамон рӯзи вазнину мудҳиш буд: он рӯз авлоди Самадовҳо падари бузургвори хешро аз даст доданд. Чун ҳамаи бародарону хешовандони падар дар давлати ҳамсоя иқомат доштанд, ба онҳо тариқи барқия ин хабари нохуш расонида шуд, - мегӯяд яке аз фарзандон Шавкатҷон Самадов хотираҳояшро ба ёд оварда, - ба хотири он, ки бародарону хоҳарашон бори охирон ба дидори ҳамдигар бирасанд, маъракаи дафнро ба нисфирӯзӣ мавқуф гузоштем.

Баробари гирифтани барқия наздикону пайвандони падари бузургвор рахти сафар баста, озими ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд (собиқ ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод) мешаванд, лекин бо сабабҳои маҳкам будани марзҳои ин ду ҳамсоякишвар сарҳадбонон намегузоранд, ки онҳо аз давлати Ӯзбекистон берун шуда, марзи Тоҷикистонро убур намоянд. Ин ҳодисаи ғайричашмдошт тамоми хонаводаро ба риққат оварда, он солҳост, ки аз хотираҳо зудуда намешавад.

- Бо тақозои замон солҳост, ки бо аҳли оилаи хеш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштам. Соли гузашта аз расонаҳои хабарӣ бобати аз нав боз шудани марзҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва барқарор шудани муносибатҳои ҳамаҷониба воқиф гаштам, бевосита рӯзҳои мусибати аз сар гузаронидаамон пеши назар омада, аз чашмонам ашки шодӣ ҷорӣ шуд.

Ба худ аҳд кардам, ки ҳангоми ба Ватан баргаштанам, ҳатман ба зодгоҳи падар сафар намуда, хешовандонро аёдат хоҳам кард ва чунин ҳам шуд... Мақсад аз овардани ин нақли аъзои як оила бори дигар ёдовар шудани муддати чанд сол баста будани марзҳо, ки ҳазорҳо нафарро аз равобити хонаводагӣ дур андохта, ба канда шудани анъанаҳои беҳтарини дӯстиву рафоқат дар ҳама ҷода оварда расонид, мебошад.

Ҳамагон медонанд, ки тӯли 27 сол арзиши баланди раводид, дастрас набудани он ба омма боиси дур мондани оилаҳо аз ҳамдигар гардида, ба мардум аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам моддӣ таъсири манфӣ расонид. Инак, пас аз гузашти чандин солҳо дар саҳифаи таърихи ду давлати ҳамсоя боз як таҳаввулоти ҷадиде рӯй дод, ки бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Албатта, ин рӯйдод зери сиёсати одилона, адолатпарваронаву хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ пайваста, аз ояндаи неки ду миллат, мустаҳкамтар шудани дӯстиву рафоқат, таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодӣ дарак медод.

Рӯзе фаро расид, ки ду халқи соҳибтамаддуну фарҳангсолор ва ҳамсоя дар фазои сулҳу дӯстӣ гарму самимӣ ҳамдигарро истиқбол гирифтанд. Мардуми ду кишвари дӯсту ҳамсоя ин рӯзро солҳо интизорӣ кашиданд. Бобати маълумоти бештар гирифтан оид ба вазъиятии рафтуомади мардум дар гузаргоҳҳо сарҳадӣ, масъалаҳои равобити мухталиф дар ҳамаи самтҳо ба “Дидбонгоҳи гумрукии Фотеҳобод” - воқеъ дар гузаргоҳи сарҳадии ноҳияи Мастчоҳ сафар намуд, бо шаҳрвандону меҳмонони ҳамсоякишварҳо суҳбат намудем.

Мақсуда Домуллоева - сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки хоҳараш солҳои 90 – уми қарни гузашта бо амри тақдир, ба як шаҳрванди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиладор шуда, бо оилааш дар он ҷо зиндагӣ мекард. – Дар аввалҳо бе мушкилот мо бо хешовандон ба хонаи ҳамдигар равуо доштем. Вале ҳодисаҳои бамиёномадаи он замон дигар ба мо имкон надод, ки сафар намоему аз ҳолу аҳволи хеш бохабар бошем. Аз ин рӯйдод волидайн ва аҳли хонавода басо дар таассуф гаштаву робитаҳои хешутаборӣ қариб, ки аз байн рафт.

Алҳол, шукр аз даврони осоишта, ки бо иқдоми сулҳпарваронаи Пешвои миллатамон муносибати байни давлатҳо барқарор шуд, ки мо, мардум басо шод ҳастем. Ҳоло бошад, бо пайвандонам аз тӯйи хонадоршавии писари хоҳарам аз шаҳри Тошканд омада истодаем. Соли гузашта барои табобат бо писарам ба Фарғонаю Тошканд сафар доштем, ки дар роҳ ҳеҷ мушкилоте набуд. Аз муносибат дар сарҳадҳо ҳам ҷониби мо ва ҳам аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон басо хушҳол ҳастем.

- Бори аввал аст, ки ман ба шаҳри Хуҷанд ташриф овардам, мардуми онро меҳмоннавоз, хушмуомила дарёфтам. Хуҷанд басо шаҳри ободу зебост, манзараҳои дилрабо дорад, - изҳор дошт сокини шаҳри Тошканд Алишер Ҳайдаров.

Абдурасул Латифов - соҳибкор, сокини шаҳри Душанбе: – Ин дидбонгоҳ дар таърихи он солҳо кушода буду боре ҳам баста нашудааст. Вале бо тақозои фаъолияти соҳибкории хеш солҳои қаблӣ чун аз ин минтақа марзро убур мекардам, мушкилоти гуногун пеш меомад. Аз пардохти боҷи гумрукиву муносибати марзбонон тиҷоратам борҳо зери хавфи касодшавӣ монда буд. Кушодашавии марзҳоро тариқи оинаи нилгун дида, он рӯзҳо ниҳоят хурсанд шудам.

 Воқеан, он рӯз дар марз мардум бо чеҳраҳои пуртабассум меистоданду, ҳатто, боварӣ надоштанд, ки ба чунин рӯзҳо расиданд. Духтараке худро Ҳабибахон аз вилояти Хатлон муаррифӣ намуд гуфт, ки бори аввал бо даъвати тағояш ба шаҳри Тошканд сафар дорад. Чун аз таассуроти ӯ аз ин сафар ва муносибати марзбонон пурсон шудем, бо хушнудӣ изҳор дошт, ки дар роҳҳо ба мушкилоте рӯ ба рӯ наомадаву аз меҳмоннавозии мардуми ҷумҳурии ҳамсоя, ободкорию созандагии он бардоштҳои хуб ба худ гирифтааст.

Ҷӯра Юсуфӣ - рӯзноманигор, сокини ноҳияи Мастчоҳ: - Дидбонгоҳи гумрукии Фотеҳобод – Ойбек яке аз постгоҳҳои муҳимтарини Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилояти Суғд мебошад, ки, ҳатто, солҳои бисёр вазнин аслан баста нашуда буд. Аммо рафтуомад басо шадид буд, аксарият имкон надоштанд, ки раводид ба даст оранд. Ҳангоми барои аёдати бемор рафтану ё равон кардани беморон барои табобат ба ин ё он давлат мушкилиҳои зиёд монеа мегардиданд.

Азбаски ноҳияи мо минтақаи сарҳадӣ маҳсуб меёфт, аксари мардуми шаҳраку деҳоти он бо ҷамоату деҳотҳои марзӣ муносибати наздики хешовандӣ доштанд. Бинобар коҳиш ёфтани муносибатҳо тӯли беш аз 25 сол волидайн аз дидори фарзандон, хоҳару бародарон маҳрум шуданд. Шукронаи даврони осоишта, ки алҳол муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои ҳамҷавор барқарор гардидаву муаммоҳо билкул ҳалли худро ёфтанд. Ҳамарӯза ҳам пагоҳирӯзӣ ва ҳам бегоҳ аз самти дидбонгоҳи гумрукии Фотеҳобод автобуси доимоамалкунандаи Хуҷанд - Тошканд убур мекунад, ки бо нархи дастрас мардум равуо доранд.

Дар ин замина муносибатҳои фарҳангӣ низ авҷ гирифтааст, масалан дар шаҳри Бӯкаи вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳраке ҳаст, ки сокинонашро асосан тоҷикони мастчоҳӣ ташкил медиҳанд. Инак, онҳо низ имкон пайдо карданд, ки китобхонаҳои худро бо китобу рӯзномаҳои тоҷикӣ таъмин намоянд. Бо даъвати мардуми меҳмоннавози он аҳли адаб низ борҳо ба он мавзеъ сафар доштанду дар маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ бештар иштирок мекунанд. Албатта, ин дӯстие, ки бо туфайли иқдоми неки роҳбарони ҳар ду кишвар таҳким ёфт, барои ҳам насли имрӯз ва ҳам насли оянда хеле муфиду самарабахш, ба қавле робитаҳои мутақобилан судбахш хоҳанд буд.

Муовини сардори Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Fайрат Қобилов ҷиҳати сол аз сол рушд ёфтани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду давлат ҳарф зада, иброз дошт, ки пас аз кушодашавии марзҳо, аниқтараш, оғоз аз соли 2017 бори аввал дар ҷараёни Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд - водии имкониятҳо” меҳмонону намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ иштирок доштанд, ки ин барои рушди ҳамкориҳо судманд буда, барои боз ҳам беҳтару созгор гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамояд. Алҳол дар ин замина аз вилояти Суғд ба шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла вилояти Самарқанд зиёда аз 20 корхонаи хурду бузург молу маҳсулоти худро, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, нуриҳои минералӣ, ангишт, меваю сабзавот содирот менамояд. Дар навбати худ соҳибкорони Ӯзбекистон ба давлати мо маводи озуқа, матоъ, мошину таҷҳизот, нафт, газ ва дигар маводи зарурӣ интиқол медиҳанд.

Дар ҷаҳони муосир кам миллатҳое ёфт мешаванд, ки аз ҷиҳати расму ойин, тарзи либоспӯшӣ, таомҳои миллӣ, фарҳангу санъат ба ҳамдигар хеле наздик бошанд. Ҳатто аз ҷиҳати одобу рафтор ва иззату икром ба якдигар шабеҳ бошанд. Ба шарофати гардиши мусбат дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон арзишҳои дӯстиву ҳамсоядорӣ дигарбора барқарор гардида, гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз ва рафтуомади озоди сокинони ду кишвар ба қаламрави давлати ҳамдигар таъмин гардид. Дар пайи ин дигаргунӣ хешу табори аз ҳам дур афтода, ки солҳо аз дидори якдигар бенасиб буданд, ба ҳам оғӯш кушоданд.

Кунун муносибатҳои решапайванду дӯстонаи халқҳои бародари тоҷику ӯзбек бо баргаштан ба асли худ, ҳамзамон дар ҳоли таҳкиму густариш қарор дошта, минбаъд низ саҳифаҳои наве дар ин самт боз хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ Тоҷикистонро барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мекунад.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh