Оғози мумфаршкунии роҳи​ маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд

11 ноябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои байни микроноҳияҳои 8-12 –и маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими оғози корҳо Раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии кӯчаҳои ду самти байни микроноҳияи 8-12 беш аз 1700 метр буда, корҳои мумфаршкунӣ давоми як ҳафта анҷом меёбанд.

Фармоишгари корҳои мумфаршкунӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, он аз ҷониби яке аз ширкатҳои маъруфи роҳсозии ватанӣ “Тоҷ-роуд”, ки таҷрибаи беш аз 5 солаи роҳсозӣ дорад, бо маблағи 2 миллиону 640 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд соли равон таъмиру азнавсозии зиёда аз 33 километр роҳ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 32 километр роҳҳои шаҳр ба таъмир фаро гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh