Ҳадаф – саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ

Маросими ифтитоҳи Фонди хайриявии «Хуаксин – Суғд: Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят маросими ифтитоҳи Фонди хайриявии «Хуаксин – Суғд: Ман Тоҷикистонро дӯст медорам» доир гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорони ду кишвар ширкат варзиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 – солагии Саразми бостонӣ ҳарф зада, ба меҳмонон дастоварду имкониятҳои иқтисодии вилояти Суғдро муаррифӣ намуд ва аз тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки натиҷаи сиёсати дурандешона ва судманди роҳбарияти ду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аст, ки дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо муносиботи ҳамгироӣ ва пурсамар роҳандозӣ гардидааст. Зикр гардид, ки алҳол дар вилояти Суғд якчанд корхонаҳо ва ширкатҳои муштарак, амсоли «Зарафшон», ширкати кӯҳию металлургии Тоҷикистону Чин, «Хуаксин ғаюр Суғд семент» фаъолияти пурсамар дошта, ҳамзамон ширкатҳои чинӣ дар бунёди роҳҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ саҳми шоиста доранд.

- Боздиди роҳбарияти музофоти Хубэй ва ширкати «Хуаксин» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва гурӯҳи соҳибкорон ба рушди ҳамкориҳои нави иқтисодӣ мусоидат хоҳад намуд, - аз ҷумла зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар чорабинӣ намояндаи ҳукумати музофоти Хубэй ва ширкати «Хуаксин» низ суханронӣ намуда, бобати тавсеаи ҳамгироӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ изҳори назар намуданд.

Таъкид гардид, ки музофоти Хубэй яке аз минтақаҳои саноатии пешрафтаи Чин маҳсуб гардида, беш аз 60 миллион аҳолӣ дорад. Ширкати «Хуаксин - семент» бошад, соли 1907 таъсис ёфта, бо истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла семент дар ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст. Коргоҳҳои ин ширкат соле беш аз 100 миллион тонна семент истеҳсол менамоянд.

Яке аз ин гуна коргоҳҳои муваффақи ин ширкат - «Хуаксин ғаюр Суғдсемент» мебошад, ки бо иштироки Сарвари давлат санаи 23 - юми марти соли 2016 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори солонаи истеҳсоли 1 миллион тонна семент дар масоҳати 48 гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Беш аз 90 фоизи кормандону мутахассисони коргоҳи мазкур сокинони маҳаллӣ буда, бештари маҳсулоти коргоҳ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содирот мешавад. Ширкати мазкур, ҳамзамон иқдому амалҳои хайриявӣ доир намуда, ба беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии мардум саҳмгузор аст. Бо ташаббуси роҳбарияти ширкат Фонди хайриявии «Хуаксин – Суғд: Ман Тоҷикистонро дӯст медорам» созмон дода шуд, ки минбаъд маблағҳои ҷудогардида барои ободонӣ, таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ сарф мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2019 маблағи фонд беш аз 1 миллион сомониро фарогир хоҳад буд.

Дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти музофоти Хубэй ва ширкати «Хуаксин» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба фаъолияти фонди хайриявӣ расман ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Мухтори АБДУЛЛО,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 
 

Add comment


Security code
Refresh