САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ: ТАЪРИХ ВА ЗАМОНИ МУОСИР

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи вилоятии илмию амалӣ таҳти унвони “Саноатикунонии босуръат: таърих ва замони муосир” бо ширкати муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва доираи васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров конфронсро ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафти устувори иқтисодиву инкишофи нерӯи инсонӣ дар меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Анвар Яъқубӣ зикр намуд, ки ҳадафи чоруми миллӣ баҳри тарҳрезии стратегияи сиёсати саноатикунонии кишвар ва ба ин васила, ворид шудан ба сафи кишварҳои саноатӣ, истифодаи нерӯи зеҳнии олимон, муҳаққиқон ва коршиносон мувофиқи мақсад аст ва ин конференсия бо эъломияи хеш баҳри фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагии ҳар як шаҳрванд ва ободу зебо намудани Тоҷикистони азизамон саҳми босазо мегузорад.

Ҳамчунин, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмон Қодиров дар мавзӯи “Ҳадафҳои стратегии иқтисодии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат”, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдулатиф Раҳимов дар масъалаи “Саноатикунонии босуръати кишвар - ҳадафи чоруми стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдумавлон Азимов оид ба “Мавқеи саноатикунонии мамлакат дар рушди босуботи кишвар” маърӯза карданд.

Иштирокдорон доир ба масоили таъмини бозорҳои дохилӣ бо молҳои саноатӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нав, афзоиши рақобат байни корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ва фурӯши маҳсулоти онҳо дар бозорҳои анъанавӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеии иқтисод, шароити рушди муосири иқтисоди ҷаҳон, инкишофи тамаддуни башар, таҳаввулоти сохторӣ ва таркибӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дигар ҷанбаҳои болозикр табодули афкор намуданд.

Алишер РАҲМОНӢ

Add comment


Security code
Refresh