МИЗОНИ ҲАЁТ ВА ТИМСОЛИ ШУКУФОӢ

Иқтисодиёт ин нишондиҳанда ва бозгӯи сатҳи рушди мамлакат ва рӯзгору ҳаёти мардум буда, ба иродаи мутахассисони соҳаи марбута, яъне иқтисоддонҳо барометри давлату пешрафти ҷомеа маҳсуб мешавад.

Дар мамлакати соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистони озоду обод иқтисоди миллӣ, марҳала ба марҳала дар раванди истеҳсолот, тиҷорат, андоз, соҳибкорӣ ва хоҷагидориву саноат ва дигар паҳлуҳои ҳаёти муосир пеш меравад, рушд меёбад, таҳким мепазирад. Бо иқдом, ташаббус ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодиёти кишварамон ба низоми ҷаҳонии иқтисод бипайваст, мавқеъ пайдо намуд ва ҳадафмандона устувор гардида, сӯи дурнамои муваффақ роҳ гирифт.

Доир ба таҳкимёбии иқтисоди миллӣ суҳбате доштем, бо Тӯрақул Ризоқулов – доктори илмҳои иқтисод, профессор, муовини ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия:

– Чунон ки маълум аст, дар кишварамон ҳоло яке аз ҳуҷҷатҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ҷараёни татбиқшавӣ мебошад. Мехостам, дар ин бобат андешаҳоятонро ифшо карда бошед.

- Дуруст хотиррасон намудед. Марҳалаи гузариш аз як низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ба низоми дигар дар Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳо бамаротиб сангин ва душвор буд, ки сабабаш муайян аст: аз даст рафтани захираҳои инсонӣ, зарари моддӣ, харобшавии арзишҳои фарҳангӣ, тағйирёбии сохтори иҷтимоии ҷамъият.

Бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат барнома, стратегия ва ҳуҷҷатҳои муҳими дигаргунсозиҳои иқтисодӣ таҳия гардидаанд, ки ҳадаф ва зарурати қабули онҳо чунинанд, яъне, ба таври устувор баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, табдил додани Тоҷикистон ба давлати демократии рушдёфта, ки дар он ҳамаи табақаҳои ҷамъият аз дастовардҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ истифода баранд. Боз амиқтар тавсиф намоям, буҳрон, марҳала ба марҳала мушкилот пеш омадан, ниҳоят аз байн бурдани монеаҳо, мӯътадилшавӣ, ба даври ободкорӣ ва созандагӣ расидан, яъне аз соли ду ҳазору якум ин тараф марҳалаи муосир ба ҳисоб меравад. Ё худ нисбат ба соли дуҳазорум музди маоши миёнамоҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ 64 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар панҷ соли охир бошад, ба 78 фоиз зиёд гардидааст. Ин рақам гувоҳи рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар мебошад. Ба тарзи дигар зикр намоям, зарурати гузариш ба низоми ҷадиди иқтисодӣ бо мақсади суръатбахшии инкишофи он, хусусигардонии моликиятро ҳамчун шакли нави хоҷагидорӣ тақозо дошт, ки амр оид ба хусусигардонӣ ба барномаи сиёсати давлатии иқтисодӣ ҳам шомил гардид. Дар соли 2018 корхонаҳое, ки дар заминаи моликияти хусусӣ фаъолият мебаранд, 79,6 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2000 - ум 7,5 маротиба зиёд аст.

– Дар боло ишора гардид, ки иқтисоди миллӣ аз рушди соҳибкорӣ низ сарчашма мегирад.

 Дар ин бобат чӣ андеша доред? - Бале, иқтисоди миллӣ бо натиҷаҳои соҳибкорӣ ва рушди он решапайванд аст, бо назардошти аҳамияти рушди соҳибкорӣ дар солҳои Истиқлолият Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи дастгирии соҳибкории хурд дар Ҷумҳури Тоҷикистон” ба имзо расид ва дар заминаи он масъалаи таҳия ва мавриди амал қарор додани Барномаи давлатии дастгирии соҳибкории хурд ба миён омад. Баргузории вохӯриҳои Сарвари давлатамон бо соҳибкорон ва додани имтиёзҳо ба онҳо, аз ҷумла эълони мараторияҳо ба санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ, ба таъсис, роҳандозии корхонаҳои хусусӣ ва ташаккули муносибатҳои нави бозорӣ, беҳсозии авзои иҷтимоии мардум мусоидат намуд. Кишварамон имрӯз бо зиёда аз 130 мамлакати дунё муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ барқарор намудааст ва натиҷаи ин ҳамкориҳо ба равнақи тозаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, вилоят ва мардум мусоидат намуда, теъдоди гармхонаи муштарак рӯ ба афзоиш мениҳад.

 Айни замон дар қаламрави кишварамон беш аз 350 корхона бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ таъсис ёфта, ба коркарди ашёи хоми дохили мамлакатамон машғуланд. Корхонаҳои муштараки “Зарафшон” ва “Апреловка” оид ба коркарди тилло, корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея, “Тоҷикистон - Текстайл” оид ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли матои ҷинс, корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Амрико “Оби зулол”, Тоҷикистону Чин “Ришта”, Корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Италия – “Абрешим” ва “Ҷавонӣ” бо ҷалби маблағгузории хориҷӣ дар шумори намунаҳои аввалини чунин корхонаҳо қарор доранд ва аксарияти онҳо то кунун фаъол ва муваффақ ҳастанд. Ҳамчунин, “Нику Хуҷанд” оид ба коркарди нахи пахта ва монанди инҳо фаъолияти хешро пеш бурда, аз ин ҷиҳат ба иқтисоди кишвар таъсири босамар мегузоранд.

Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Федератсияи Россия ҳам дар майдони дорои нафту гази Сари қамиш ва Саргазон тавассути баҳрабардорӣ аз технологияи нодири замонавӣ корҳои пармакунӣ шуруъ гардидааст. Бо як ифода зикр намудан мумкин аст, ки ислоҳоти иқтисодиро ислоҳоти низоми бонкӣ тақвият мебахшад. Ифодаи дигар: Тоҷикистони соҳибистиқлол байни 82 давлати рушдёфта аввалин кишварест, ки дар бораи ноил шудан ба Ҳадафи рушди ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи миллии рушдро барои солҳои 2007 - 2020 таҳия намуда, дар татбиқи амаливу муваффақонаи он мавқеи хоса касб кардааст.

– Албатта, дар ин раванд ҳиссаи самти кишоварзӣ низ афзун арзёбӣ мегардад.

– Бале. Низоми иқтисодии кишварро берун аз фаъолияти соҳаи кишоварзӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Танҳо солҳои охир дар кишварамон зиёда аз 60 корхонаи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Пешравиҳои хоҷагидории миллӣ нишонаи фараҳбахшанд. Ин нуктаҳо ҳамеша дар мадди назари Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор доранд, ки дар машваратҳои фаъолон ва ҷаласаҳои кории назди Раиси вилоят пайваста таҳлил ва баррасӣ мешаванд. Барои таҳкими иқтисоди миллӣ, нишондиҳандаҳои соҳаҳои иқтисодии вилоят ҷалб намудани қисми иқтидорҳои истеҳсолӣ, меҳнатӣ ва тамоми нерӯҳои моддӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.

Ҷорӣ намудани истеҳсолоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ҷорӣ намудани инноватсия дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт дар меҳвари фаъолияти Раиси вилоят қарор доранд. Ин ҳама ба васеъ намудани шуғли маҳсулнок дар ҳама самт такон бахшидаасту мебахшад.

Суҳбаторо
Маъмурахон САМАДОВА,
”Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh