Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент

18 ноябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Мавриди зикр аст, ки мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Панҷакент сохтмони 405 иншоот ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо дар даҳҳо иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад. Яке аз чунин иншоот Беморхонаи марказии шаҳр маҳсуб меёбад, ки он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида истодааст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Беморхонаи марказии шаҳр ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳо супориш дода, таъкид кард, ки бо назардошти афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ теъдоди кати беморӣ аз 120 кати пешбинишуда то ба 200 кат расонида шавад. Бинои нави беморхона ҳамакнун дорои чор ошёна гардида, барои қабулу муоина ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Сипас, Раиси вилоят дар шаҳраки Сарамз рафти сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои таълимӣ барои 1280 хонанда дар ду баст сохта шуда, тибқи дастури роҳбари вилоят дар он толори варзишӣ, ошхонаву маҷлисгоҳ низ бунёд хоҳад гардид.

Дар аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати мамлакат ба пешрафти маориф, ҳамчун омили асосии пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки дар  шаҳри Панҷакент беш аз 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии наздик 60 000 хонанда фаъолият дошта, зиёд аз 4500 омўзгор ба таълиму тарбия машғуланд.

Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят собиқадорони меҳнат Муҳаббат Норова ва Облобердӣ Шодиевро аёдат намуд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо собиқадорони соҳаҳои маорифу тандурустӣ иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мунтазам ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба фаъолияти пурсамари пирони кор арҷ гузошта мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh