Раҷаббой Аҳмадзода: Истиқлолу ваҳдат неъмати бузург аст!

Мулоқоти Раиси вилоят бо аҳли ҷамоатчигии вилоят

Санаи 20 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо аҳли ҷамоатчигии вилоят баргузор гардид. Дар мулоқот муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳо ва идораву муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку ҷамоатҳои деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони илму фарҳанг ва дини вилоят ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мулоқотро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки чорабинии мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи мулоқот баррасии масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла баррасии вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза ба амалҳои номатлуб ва ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқот ҳамзамон, муовинони Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода ва Анвар Яъқубӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳарф заданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти давлатиро водор месозад, ки фаъолияташонро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои таъмини иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо истодаанд, саъю талоши комил варзанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки рӯйдодҳои охирини ҷаҳон дар минтақаҳои гуногуни дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

- Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд, ки стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо маҳсуб мешаванд, - зикр дошт дар суханронии хеш муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода.

Воқеан ҳам Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми мушаххас мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда буданд. Пешвои миллат санаи 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Инчунин, соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» тасдиқ гардид.

Мавриди зикр аст, ки рафти таъмини иҷрои Фармони мазкур ва қарори Раиси вилоят аз 15 декабри соли 2016, №532 «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар вилояти Суғд» санаи 23 октябри соли равон дар Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифта, назди масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас гузошта шуда буд.

Илова бар ин, дар маҷлисҳои фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳа ва нимсола, ҳамчунин маҷлисҳои машваратии назди Раиси вилоят бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масъалаи мазкур мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуда, баҳри пурзӯр намудани ҳамкорӣ дар ин самт дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳолати иҷрои қонунгузории мазкур дар тамоми сатҳҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарори дахлдори уҳдадорикунанда қабул гардида, бошад ҳам, камбудиҳо ҷой доранд.

Чуноне аз санҷишҳои Прокуратураи вилояти Суғд маълум гардид, дар самти таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуб дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот як қатор камбудиву норасоиҳо ҷой доранд, ки андешидани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамояд.

Дар мулоқот ҳамзамон таъкид гардид, ки ташаккул наёфтани фарҳанги ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби аҳолӣ яке аз мушкилот аст, ки ба содир гардидани амалҳои номатлуб мусоидат менамояд. Зеро худдорӣ намудани баъзе шаҳрвандон аз ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баёнгари бетарафии онҳо буда, дар сурати тақвият бахшидани ҳамкориҳо суботу амният дар маҳалҳо бештар таҳким меёбад. Дар ин бобат дастур дода шуд, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо ва нозирони минтақавӣ дар фаъолияти кории худ ба ин масъала таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, аз омаду рафти шахсони бегона пайваста огаҳ бошанд.

Аз масъалаҳои дигаре, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташвишовар боқӣ мондааст, фарогирии фазои иттилоотӣ мебошад. Зеро имрӯз аз дастоварду пешравиҳое, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар вилоят амалӣ гардида, тавассути телевизиони вилоят манзури сокинон мешавад, на ҳамаи мардум огоҳанд. Бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бинобар нокифоягии дастгоҳҳои тақвияти мавҷ ва назорати масъулини соҳа, чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Зафаробод ва дигар шаҳру ноҳияҳои сарҳадӣ, ки бештар ба тамошои шабакаҳои телевизионии давлатҳои ҳамсоя машғуланд, мушоҳида мегарданд.

Имрӯз дар ҳудуди вилоят 17 намояндагии ташкилотҳои динию мазҳабии ғайриисломӣ амал карда, баёнгари озодии динию ақидавии шаҳрвандон аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст. Вале боиси ташвиш аст, ки бархе аз шаҳрвандон дидаю дониста ва ё баъзан аз нокифоягии донишу маърифат ба ин маконҳо рӯй овардаанд. Омили мазкур барои дар ҷомеа, байни мардуми оддӣ, инчунин ҷавонони аз асли воқеият ноогоҳ пайдо гардидани гуногунандешӣ аз эҳтимол дур набуда, зарур аст, ки волидайн, омӯзгорон ва дигар масъулини назорати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар самти таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” корбарӣ намоянд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода амалиёти террористии санаи 6 ноябри соли 2019 ба амаломадаро амали нангин арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри рух надодани чунин ҳодисаи номатлуб бояд масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо вазифа ва уҳдадориҳои худро бояд софдилона амалӣ намоянд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои тарғиботии мақомоти маҳаллӣ бо оилаҳои осебпазир ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Дар мулоқот фаъолияти раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 - Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Аз ин рӯ, ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд, - зикр гардид дар мулоқот.

Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh