АЗМИ ДУРУСТУ САЪЙИ КОМИЛ

Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлоливу осоиштагӣ дар кишвар имрӯз кулли сокинони ҷумҳуриамон дар фазои сулҳу суботи комил зисту фаъолият намуда, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ватандӯстонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон саҳми хешро гузошта истодаанд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор” дар шаҳри Истиқлол бахшида ба ин ҷашни муқаддас нақшаи чорабиниҳо ва ташкили корҳои ободонию созандагӣ тартиб дода, айни замон корҳо бомаром идома доранд.

Тавре дар суҳбат раиси шаҳр Худойназар Амонзода зикр намуд, соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ се маркази хизматрасонии маишӣ - тӯйхонаҳои “Висол”, “Шоҳрух” ва “Истиқлол” бо тарҳи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин, аз ҷониби ҶДММ “Нуқрафом” як майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакона сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тариқи ҳашар ду майдони варзишӣ дар маҳаллаҳои Меҳнатобод ва Табошари кӯҳнаи шаҳр бо тарҳи замонавӣ сохта шуда истодааст. Дар самти кабудизоркунии атрофи шаҳр бошад, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд, ки аз он 4,5 ҳазор бех дарахти ҳамешасабз дар даромадгоҳ ва мавзеъҳои шаҳр шинонида шуд. Ҳамзамон 50 адад нимдавраи оҳанӣ барои гузоштани кӯзаҳои гул насб гардиданд.

Корҳои ободонию созандагӣ дар кӯчаҳои марказии Камоли Хуҷандӣ ва Исмоили Сомонӣ бомаром идома дошта, то охири сол тарҳи кӯчаҳои шаҳр замонавӣ хоҳанд шуд. Инчунин, бинои Қасри фарҳанги шаҳр бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ, бинои шуъбаи таваллудхона бо харҷи беш аз 600 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.

Сокинони шаҳри Истиқлол бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии кишвари азизамон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ азму талош доранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh