ПАРРАНДАПАРВАРӢ: ДАСТОВАРД ВА МУАММОҲО

Бо имтиёз додану дастгирии соҳибкорон шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ зиёд гашта, алҳол дар вилоят беш аз 90 корхона дар самти истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм фаъолият доранд.

Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки соли 2018 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла озод намудани корхонаҳои паррандапарварӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Чуноне дар суҳбат сардори шуъбаи чорводории Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруф Шарифиён изҳор дошт, ин иқдом дар доираи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» амалӣ шуда истодааст. Чуноне зимни баромадҳои хеш Пешвои миллат изҳор медоранд, мақсад аз ин чораҷӯиҳо, пеш аз ҳама, таъмини амнияти озуқаворӣ ва гузашта аз он кам намудани сатҳи маҳсулоти воридотӣ мебошад.

Воқеан, солҳои пеш баъзе аз ашхоси ноинсоф тариқи қочоқ ё бо ҳар роҳи дигар маҳсулоти пастсифати ба талабот номутобиқ, алахусус маҳсулоти ширию тухм ва гӯшти истеҳсоли макону муҳлаташ номуайянро аз давлатҳои Хитой, Қазоқистону Қирғизистон, Эрону Ӯзбекистон ворид менамуданд, ки ин солимии ҷомеаро зери хавфу хатар мегузошт.

Алҳол воридоти ин намуди маҳсулот бамаротиб кам гардидаву соҳибкорони маҳаллӣ самти фаъолияти хешро барои таъмини сокинони вилоят бо ғизои солиму истеҳсоли худӣ ва маҳаллӣ, ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартӣ нигаронидаанд, ки ин аз ҳар ҷиҳат муфид ва ба мақсад мувофиқ мебошад. Фактҳо шаҳодат медиҳанд: агар 5 сол қабл, яъне соли 2014 – ум наздик 35 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият дошта, дар он қариб 900 ҳазор саршумор мурғ мавҷуд буда, 64 миллиону 241 ҳазор дона тухм истеҳсол шуда бошад, алҳол, бино ба маълумоти масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят, дар шаҳру навоҳии вилоят бештар аз 90 корхонаи паррандапарварӣ мавҷуд буда, онҳо асосан аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил шудаанд ва зиёда аз 3 миллион парранда мавҷуд мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки давоми 9 моҳи соли равон зиёда аз 201 миллиону 638 дона тухм истеҳсол шудааст, ки он нисбат ба соли гузашта беш аз 2 маротиба зиёд мебошад. Бо иқдоми Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони вилояти Самарқанд коргоҳи инкубатсияи мурғи гӯштӣ, дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров низ коргоҳҳои паррандапарварӣ дар самти истеҳсоли гӯшти парранда ташкил шуд, ки дар ин давр мувофиқи шаҳру навоҳии вилоят зиёда аз 1500 тонна гӯшти мурғ истеҳсол шуд.

Дар вилоят дар 9 моҳи соли равон 1500 тонна гӯшти парранда истеҳсол шудааст. Соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои паррандапарварӣ барои гӯшт корҳоро оғоз намуда, аллакай зиёда аз 50 ҳазор сар чӯҷаи хушзот ворид кардаанд, ки барои парвариши гӯшти мурғ мансуб мебошад. Дар шаҳри Гулистон низ бо иштироки Раиси вилоят як коргоҳ ба истеҳсоли мурғи гӯштӣ кушода шуд, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар ин ҷо дар марҳалаи аввал 60 ҳазор сар чӯҷа парвариш мешавад. Дар тақозо нисбат ба ҳамин даври соли гузашта ин нишондиҳанда 2, 1 маротиба ҳам шумораи мурғи тухмдеҳ ва истеҳсоли тухм ва гӯшти парранда зиёдтар гашта, рӯз аз рӯз шумораи коргоҳҳои паррандапарварӣ афзуда истодааст. Тибқи дурнамо, корхонаҳои паррандапарварӣ то охири сол беш аз 350 миллион дона тухм ва 2 ҳазор тонна гӯшти парранда бояд истеҳсол намоянд.

- Барои ин корхонаҳо асосан аз давлатҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон чӯҷаҳои хушзот ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчунин чӯҷаҳои хушзоту ҳам тухми инкубатсионӣ барои парвариши мурғи гӯштӣ ворид намуда истодаанд. Ин омил асосан барои боло нарафтани арзиши гӯшт пешбинӣ гашта, имрӯз дар ярмаркаҳо як килограмм гӯшти мурғ 18 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Омили дигари муфид будани ташкили чунин корхонаҳо ин пеш, аз ҳама, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои ашхоси бешуғл ва бо ин васила баланд бардоштан шароити иқтисодӣ ва рӯзгори мардум, яъне барои амалӣ гардонидани яке аз ҳадафҳои стратегияҳои миллии кишвар, - «Барҳам додани камбизоатӣ», «Меҳнати сазовор ва рушди иқтисодӣ» равона шудааст.

Бино ба гуфти намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят М.Шарифиён, дар чунин коргоҳҳо ба ҳисоби миёна 15 - 20 нафарӣ кор мекунанд, ки дар маҷмӯъ беш аз 2 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Салим Ҳасанов, сокини ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, ки чанд сол инҷониб аз муҳоҷират даст кашида, шуғли асосӣ надошт. - Аз ҳамсояам шунидам, ки дар наздикии маҳалли зистамон коргоҳи паррандапарварӣ кушода шудааст. Чун ба роҳбарияти он муроҷиат намудам, маро бо оилаам бо ҷойи корӣ таъмин карданд, ки ин барои пешбурди рӯзгорам дар дохили кишвар таъсири мусбат расонид,- изҳор дошт номбурда. Озода Воҳидова низ шод аз он аст, ки бо писаронаш дар коргоҳи паррандапарварӣ фаъолият дораду маоши хуб ба даст меорад.

 - Бинобар тақозои вазъи саломатӣ шавҳарам имкони кор кардан надорад. Аз ин лиҳоз, маҷбур будем, дар хонаҳои мардум кор ҷӯем. Аз рӯзи ба кор оғоз кардани ин корхона бо аҳли оилаам чанд вақт аст, ки дар ҳамин ҷо кор мекунему музди хуб ба даст меоварем. Хурсанд аз он ҳастам, шароити иқтисодӣ рӯз аз рӯз беҳтар гардидаву писаронам ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта, дар маҳалли зисти хеш бо ҷойи кори доимӣ таъминанд, - гуфт ӯ.

Албатта, ба фаъолият оғоз кардани чунин корхонаҳо аз ҳар ҷиҳат муфид буда, имкон медиҳад, то мардум дар дохили кишвар бо шуғл таъмин гарданд. Ҳамзамон, намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят изҳор дошт, ки алҳол коргоҳҳои мурғпарварӣ сокинони вилоятро пурра бо истеҳсоли тухми маҳаллӣ таъмин карда, замина гузошта истодаанд, ки минбаъд низ дар раванди беҳтару бештар гардонидани фаъолияти корхонаҳо дар самти истеҳсоли гӯшт корҳоро босамар тақвият бахшанд. Аз рӯи маълумоти фаврӣ, дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров - 55 адад, Бӯстон - 8, Истаравшан - 4, Хуҷанд - 3, Гулистон - 3 ,Мастчоҳ - 4, Ҷаббор Расулов - 3, Спитамен - 2, Ашт - 2, Панҷакент - 2, Деваштич 1 мурғхона мавҷуд буда, вале сабаб чист, ки дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон ягон коргоҳи паррандапарварӣ таъсис дода нашудааст. Зимни сафарҳои корӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Раиси вилоят ҳамеша ба роҳбарону масъулини мақомоту сохторҳо бобати ташкили корхонаҳои паррандапарварӣ, ҳавзҳои моҳидорӣ, хушзот намудани чорвои калони шохдор дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ вазифагузорӣ ва дастуру супоришҳои махсус дода мешавад, ки мақсад аз ин боз ҳам рушд ва тақвият бахшидани соҳоти мазкур аст.

Чаро имрӯз, бо вуҷуди он ки шумораи чунин корхонаҳо зиёд шуда бошад ҳам, арзиши тухм ва гӯшти парранда бетағйир мондаву дар баъзе минтақаҳо нарх нисбатан қимат аст? Алҳол соҳибкорони ба соҳаи паррандапарварӣ шуғлдошта чӣ муаммо доранд? Аз рӯи гуфти мутахассисони соҳа, ҳарчанд коргоҳҳои паррандапарварӣ дар қаламрави вилоят зиёд шуда бошад ҳам, қариб 90-95 фоизи гандуму ҷав ва дигар анвои хӯрокаи чорво воридотӣ буда, аз он сабаб ин ба арзиши умумии маҳсулоти хӯрока таъсири худро гузоштааст.

Ҳамчунин, нерӯи барқ, ки яке аз омили муҳими фаъолияти онҳо маҳсуб меёбад ва дар корхонаҳои паррандапарварӣ ба таври шабонарӯзӣ истифода мешавад, яке аз муаммоҳои асосии соҳа ин қимат будани арзиши он мебошад. Зимни суҳбат баъзе аз соҳибкорон иддао доштанд, ки чунин болоравӣ ба арзиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳо таъсири худро мерасонад. - Албатта, имрӯз мо - соҳибкорон аз бисёр имтиёзҳо бархурдор ҳастем, вале хуб мешуд, агар арзиши нерӯи барқ барои чунин коргоҳҳо нисбатан кам карда шавад, Масалан, барои соҳаи кишоварзӣ 0,14 дирам муайян шудааст, ки чунин роҳандозии арзиш барои коргоҳҳои паррандапарварӣ низ басо мувофиқ мебуд, - мегӯяд мутахассиси яке аз коргоҳҳои паррандапарварӣ Б.Орифов.

- Тибқи нақша чорабиниҳои бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ифтитоҳи беш аз 10 корхонаи истеҳсоли гӯшти парҳезиву тухмӣ ба роҳ монда мешавад, ки ин омил барои боз ҳам зиёдшавии ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Татбиқи пурра ва босамари барномаҳои давлатии марбута дар самти амнияти озуқаворӣ ба такмили асосҳои рушди содирот ва воридотивазкунӣ, диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда ва воридотивазкунанда, ҳамчунин бартараф кардани монеаҳо дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ вобастагии калон дорад.

Аз вазъ ва шароити кунунии хоҷагиҳои паррандапарварӣ маълум аст, ки соҳа рӯз аз рӯз рушд ёфта, бо иҷро гаштани талаботи Барномаҳои соҳавӣ ва ҳалли баъзе муаммоҳо боз ҳам пешрав хоҳад шуд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh