Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷумҳурии Белорус

25 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳе аз роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят ба Ҷумҳурии Белорус сафар кард.

Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонашро дар Кумитаи иҷроияи вилояти Минск иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Игор Макар ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, омодагии хешро барои тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ баён намуданд.

Таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ҳамкориҳои миёни вилоятҳои Суғд ва Минск сол аз сол густариш ёфта, мубодилаи молу маҳсулот дар ҳоли афзоиш аст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот иброз дошт, ки барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Белорус имкониятҳо хеле зиёд аст. Масалан, дар вилояти Суғд пахта ва маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваҷоту сабзавот ва асал истеҳсол карда мешавад. Вилояти Суғд ҳавасманди содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба бозорҳои Белорус аст ва ҳамзамон ташкили корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Игор Макар дар навбати худ таъкид кард, ки тарафҳо метавонанд бо ташкили корхонаҳои муштарак коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба роҳ монанд. Вай ҳамчунин афзуд, ки дар вилояти Суғд меваву сабзавот ва хушкмева фаровон истеҳсол мегардад ва дар ин самт низ имкони ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулот мавҷуд аст.

Дар охири мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳо миёни вилоятҳо дар оянда боз ҳам тақвият меёбад.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳайати вилояти Суғд дар аснои сафар имкониятҳои вилояти Суғдро дар самти истеҳсол ва содироти маҳсулоти гуногун муаррифӣ намуда, аз як қатор корхонаҳо боздид карда, бо шарикони белоруси худ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh