Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд

27 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Белорус аз вилояти Минск ба вилояти Могилёв ташриф овард.

Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонашро муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Валерий Малашко ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни суҳбати ҷонибҳо, ки дар бинои Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв ҷараён гирифт, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо роҳбарияти вилояти Могилёв аз муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Белорус ва сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳо ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв, ки соли 2017 ба имзо расида буд, ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд тақвият ёфта истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки вилояти Суғд бо истеҳсоли ашёи хоми пурбаҳо-пахта шуҳрат дошта, дар ин минтақа даҳҳо намуди меваҳои шаҳдбору хушлаззат ва сабзавоти тару тоза истеҳсол мегардад. Ин имконият медиҳад, ки ҷонибҳо бо тарҳрезии лоиҳаҳои мушаххас барои бунёди корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли матои пахтагӣ ва маҳсулот аз он, корхонаҳои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ҳамкориҳоро беш аз пеш густариш бахшанд.

Валерий Малашко низ аз мавҷудияти имкониятҳо барои беҳтар шудани робитаҳо ёдовар шуда, зикр дошт, ки таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди соҳаи сайёҳӣ метавонад баҳри мустаҳкам гардидани ҳамкориҳо байни вилояти Могилёв ва вилояти Суғд мусоидат намояд.

Ӯ ҳамзамон беҳтар гардидани тиҷорат ва гардиши молу маҳсулотро байни вилояти Суғд ва вилояти Могилёв мусбат арзёбӣ намуда, омодагии хешро барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак баён дошт.

Ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо барои васеъ ба роҳ мондани робитаҳои байнисоҳавӣ, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзӣ, коркарди санги хоро, мармар изҳори андеша намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари кории Раиси вилояти Суғд як қатор вохӯриҳои дуҷониба баҳри тақвияти ҳамкориҳо доир гардида, ҳайати вилоят бо намояндагони Палатаи савдо ва саноати Могилёв гуфтушунидҳо анҷом доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh