Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода президенти ҶДММ “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой” Хуан Сзян Чунро ба ҳузур пазируфт.

Дар аснои мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар - Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат таъкид дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст ва барои расидан ба ин ҳадафи олӣ дар вилоят таъсиси садҳо корхонаҳои саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии мардумии Чин фаъолият доранд ва “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой” аз ҷумлаи онҳост. Ин ширкат дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон аз соли 2007 инҷониб фаъолият дорад, ки ба иқтисодиёти ҳар ду кишвар манфиат оварда истодааст. Бо истифода аз имконият ва мавҷудияти захираҳо тарафҳо метавонанд барои таъсиси корхона ва хатҳои нави технологӣ ҳамкориҳоро тавсеа бахшанд.

Президенти ширкат бо изҳори сипос аз истиқболи самимӣ аз муносиботи роҳбарияти олии ду кишвар ёдовар шуд ва иброз дошт, ки ширкат барои ташкили корхонаҳои нав ва хатҳои ҷадиди технологӣ нақшаҳо дорад. Дар ин самт дар оянда низ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, барои бештар таъсис додани ҷойи корӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мешавад.

Ҷонибҳо бо баррасии нақшаи ҳамкориҳо ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои ширкат дар самти таъмири роҳҳо ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ низ мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh