Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорон аз Федератсияи Русияро бо роҳбариии директори генералии ширкати «Тарнсойл-терминал» Леонид Лейзерман ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки таҳти сарварии роҳбарони ду кишвари бо ҳам дўсту бародар - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин равобити судманди дуҷониба пойдор буда, ҳамкориҳо сол аз сол тақвият ёфта истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кард, ки дар вилояти Суғд, ки минтақаи бузурги иқтисодӣ аст, асосан маҳсулоти аграрию саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии кишвар дар вилоят бобати ҷалби инвеститсияҳои дохилию хориҷӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, барои ҷалби сармоягузорон тибқи қонунгузорӣ имтиёзҳои зиёди андозию тарифӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Раиси вилоят бо ироаи маълумоти зарурӣ оид ба вазъи иқтисодии вилоят таваҷҷуҳи меҳмононро ба бунёди корхонаҳои коркади меваву консервабарорӣ ҷалб намуда, қайд кард, ки соҳибкорони рус метавонанд дар якҷоягӣ бо шарикони тоҷики худ дар самти коркарди мева, сабзавот ва пахта лоиҳаҳои судмандро амалӣ намоянд.

Директори генералии ширкати «Тарнсойл-терминал» Леонид Лейзерман ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо даъвати ҳамтоёни тоҷики худ ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, изҳор доштанд, ки бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардаву аз ин сафар хеле хушҳол мебошанд.

Меҳмонон ҳавасмандии худро ҷиҳати бунёди корхонаи равғанбарорӣ, маркази логистикӣ, ташкили боғҳои нав, корхонаи коркарди зардолу ва дастрассозии тухмиҳои нави зироатҳо баён доштанд.

Дар фарҷоми мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки пас аз омӯзиши пурраи зарфиятҳои вилояти Суғд соҳибкорони русу тоҷик тарҳҳои муштаракро амалӣ хоҳанд кард .

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh