Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад

10 декабр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд доир гардид.

Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят иштирок доштанд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бо мақсади иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» рӯзномаи иҷлосия таҳия гардида, ба он масъалаҳо дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ташкили комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ворид карда шуд.

Бо қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят комиссияи вилоятии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ карда шуд.

Тибқи ин қарор комиссияи вилоятии интихобот аз 13 нафар иборат буда, миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ 70 (ҳафтод)  адад муқаррар гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар поёни иҷлосия ба масъулин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ, таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон дар вақти баргузории интихобот ва бо риояи принсипҳои асосии интихобот доир намудани интихоботи вакилони халқи вилоят дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh