Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

6 январи соли 2020 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварати корӣ рафти омодагиҳо ба ҷашнҳои 5500 - солагии Саразми бостонӣ, 700 - солагии шоири номдори тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Машварати корӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оғоз ёфт. Қайд карда шуд, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шудааст ва аз ин лиҳоз бояд барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабиниҳо ҳаматарафа омодагӣ дид. Ҳамзамон, соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад ва ба истиқболи ҷашнҳои зикршуда корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад.

Сипас, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ доир ба рафти корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Мастчоҳ, ки ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷараён доранд, гузориш дод. Зикр карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷакенту Мастчоҳ сохтмони даҳҳо иншоот, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осорхона, боғи фарҳангӣ, варзишгоҳ, қасри фарҳанг, толорҳои варзишӣ, мактабу кӯдакистон, корхонаҳои саноатӣ ва амсоли ин ба роҳ монда шуда, сохтмончиён барои дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода додани иншооти ҷашнӣ заҳмат кашида истодаанд.

Раиси вилоят пас аз шунидани гузориш ба масъулин дастур дод, ки корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, иншооти ҷашниро бо сифати баланд бунёд намоянд.

Дар назди масъулин ҳамзамон барои ба таври шоиста таҷлил намудани 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва Иди байналмилалии Наврӯз вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дар поёни машварат Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки масъулон бояд барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh