ТАЪСИСИ ДУВОЗДАҲ КОРХОНАИ САНОАТӢ

Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. 

Аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар

Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ташкил кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид гардидани технологияҳои нави замонавӣ вобаста ба талаботи замон ва рушди минбаъдаи он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Бино ба иттилои мудири бахши саноат, нақлиёт ва энергетикаи ноҳия Аъзамҷон Каримов, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда корхонаҳои саноатии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2019 хубтар фаъолият кард ва маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуд. Cурати афзоиши маҳсулот бо нархҳои муқоисавӣ 120,5 фоиз иҷро гардид. Аз 104 корхонаи саноатӣ 98 - тоаш фаъолият намуда, аз ин 69 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба соли 2018 зиёд намуд.

Бояд қайд кард, ки 29 корхона аз сабаби набудани фармоишгар, аз нарасидани ашёи хом суръати афзоиши маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин даври соли 2018 кам карданд. Инчунин, шаш корхона аз сабаби мавсимӣ буданаш, набудани фармоишгар ва ба фурӯш нарафтани маҳсулот фаъолияташонро қатъ карданд. Дар бахши соҳибкорони хурди ноҳия бошад, ба маблағи 111 964 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиш 106,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давоми соли 2019 дар ноҳия 12 корхонаи саноатии нав ва хатҳои технологии иловагӣ дар ҶДММ «Сайҳун - 2015», ҶДММ «Моҳир», ҶДММ «ТЕК Азия - транс», ҶДММ «Ширкати Баҳор», ҶДММ «КМ Саммит», ҶДММ «Хубҷамъ - Инвест», ҶДММ «Хуҷанд Агро 2018», ҶДММ «Оҳангарон», ҶДММ «Роҳи Ваҳдат», ҶДММ «Ройгон Маҳмуд», ҶДММ «Сеганҷ» ва ҶДММ «Тиҷорат Ойл» ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки 98 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи масъулини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

- Аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ моро водор менамояд, ки дар самти ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои муассир андешем, - гуфт Аъзамҷон Каримов.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh