ИҚДОМ, СИФАТ ВА ТАДБИРҲОИ ҲАДАФМАНД ва ё рӯ ба тамаддуни индустриалӣ

Дар партави Паёми навбатии Сарвари давлат ва ҳамзамон дар бобати дастовардҳои иқтисодии кишвар бо доктори илми иқтисодӣ, профессор Аброр Мирсаидов суҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаши муштариёни рӯзнома менамоем:

- Ба таври мушаххас дастовардҳои иқтисодиро чӣ гуна ташреҳ медиҳед ва иқдому ташаббусҳо дар кадом меҳвари талабот амалӣ гардидаанд?

- Муҳимтарин дастоварди соли 2019 аз нигоҳи иқтисодӣ, ба назари мо, амалигардии қадамҳои аввалини ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат мебошад, ки тарҳи устувори рушди саноати кишварро замина гузошт.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 – уми декабри соли 2019) қайд шудааст, ки «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст». Ҳамин тариқ, амалӣ гардонидани қадамҳои аввали саноатикунонии босуръат аллакай самараи хеле назаррас додааст. Зимнан бояд қайд намуд, ки рушди устувори тамоми кишварҳои мутараққӣ аз инқилобҳои саноатӣ оғоз ёфтааст.

Тасаввур менамоям, ки соли 2019 як инқилобе ва ё гардише дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ буд, зеро чӣ тавре рақамҳои боло тасдиқ менамоянд, тарҳи рушди босуръати саноат аз дигар соҳаҳои суннатии иқтисодиёт барало аён шуд. Аслан зербинои иқтисодиёти мамлакатро саноат ташкил медиҳад ва он соҳаи пешбари иқтисодиёти миллӣ мебошад.

Саноат чунин типи истеҳсолот мебошад, ки вобаста бо рушду сохтори он дигаргуниҳои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт сурат мегирад. Хосияти сифатии ин соҳаро сатҳи баланди истеҳсолот ва меҳнат, техникаву технология, татбиқи низоми устувори ташкилу идораи истеҳсолот, истифодаи қисми зиёди қувваҳои кории баландихтисоси ҷомеа ва ғайраҳо ташкил медиҳад.

Саноат таъсири хеле аёнро ба ташаккул ва рушди муносибатҳои истеҳсолӣ, инкишоф ва мустаҳкам шудани алоқаҳои байнисоҳавӣ, умуман ба раванди босуботи такрористеҳсолкунии ҷамъиятӣ дорад. Нақши саноат дар ташкили ҷойҳои кории нав ва иловагӣ, таъмини шуғлнокии маҳсулнок хеле бузург аст.

Маҳз, дар иштироки саноат ва таъмини рушди он фарқияти миёни шаҳру деҳот шуста шуда, наздик шудани сатҳи зинадагии деҳот ба шароити шаҳрӣ сурат мегирад. Яъне касби тамсилаи иқтисодиёти индустриалӣ - аграрӣ таъмин мегардад. Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии кишвар нақши калидӣ дорад. Рушди саноат, аз як тараф, худ натиҷаи прогрессияи илмиву техника бошад, аз тарафи дигар, вай суръатбахши равандҳои инноватсионӣ ва омили тавонои рушди инноватсионии иқтисодиёти мамлакат мебошад.

 Рушди соҳаҳои саноат дар баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт ва иқтидори содиротии мамлакат омили ҳалкунанда буда, ҷавҳари тамсилаи рушди иқтисодии воридотивазкунандаро ташкил медиҳад. Масъала дар он аст, ки рушди босуботи иқтисодӣ ва рақобатпазирии давлат, обрӯву нуфузи он дар арсаи ҷаҳон фақат бо нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ ва афзудани истеҳсолоти саноатӣ маҳдуд набуда, дар шароити ҷаҳонишавӣ иштирок дар тақсимоти байналмилалии меҳнат ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар бозори беруна аҳамияти махсусро дорад.

- Рақобатпазирии муосир ва ҷанбаи он дар беҳдошти сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ чӣ омилҳо дорад?

- Дигаргуниҳои сохторӣ, таъмини рушди суръатноки соҳаҳои саноати технологияш баланд, ки ба мустаҳкам намудани рақобатпазирӣ ва устувории ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар бозорҳои минтақавии ҷаҳонӣ таъмин менамояд, дар марҳалаи нави рушди мамлакат самти афзалиятноки на танҳо сиёсати саноатӣ, балки сиёсати доманадори иқтисодиву иҷтимоии давлатро ташкил додааст. Сухан дар бораи он соҳаҳои саноат меравад, ки аз як тараф, диверсификатсияи истеҳсолот ва барориши маҳсулоти дорои сифати истеъмолии баланд, аз тарафи дигар, ба истифодаи манбаъҳои ашёву захираҳои бойи ватанӣ равона шуда бошад, таъмин менамоянд.

Чунин шароит моҳиятан асосҳои консептуалии фаоълияти истеҳсоливу хоҷагидории тамоми субъектҳои иқтисодиро ташкил дода, на танҳо дар самти барои ноилгардии даромаднокии баланди истеҳсолот, балки паст намудани сатҳи воридоти ҳамон молҳо, ки метавон бо истифода аз захираҳои ватан ва неруҳои худӣ истеҳсол намуд, хидмат кунад.

Бояд таъкид намуд, ки саноатикунонӣ на танҳо омили муҳими рушди иқтисодии мамлакат мебошад, балки дар ин раванд тамаддуни саноатии кишварро ба вуҷуд меорад, ки пайваста ба он ташаккулу рушди тамаддуни инсдустриалии аҳолӣ, ки ҳамзамон неруи бузурги рушди тамсилаи иқтисоди индустриаливу аграрӣ мебошад, мусоидат менамояд. Ин ҷо бамаврид аст, ки ақидаҳои Макс Веберро ба ёд орем. Вай исбот кардааст, ки табиати ҷомеаи сармоядорӣ ва тамаддуни индустриалӣ аслан на дар асоси маҷрои воридгардии маблағҳои нав, балки дар натиҷаи «воридшавии» рӯҳияи нав, яъне тафаккуру омодагардии равонии одамон ва меъёрҳову арзишҳои махсус, ки ҷомеаи суннатиро шикастааст, ба вуҷуд омадааст.

Ин ҷо вай дар назар дорад гузариш аз тафаккури аграрӣ ба тафаккури индустриалӣ ва ё саноатии аҳолӣ, ки ҷавҳари заминавии онро тағйироти инқилобӣ дар қувваҳои истеҳсолкунанда, маҳз гузариш ба саноати фабрикаву заводӣ ташкил медиҳад. Бунёди силсилаи корхонаҳои саноатӣ, ки имрӯз хеле босуръат идома ёфта истодааст, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.

Самтгирии корхонаҳои саноатии мамлакат имрӯз ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содирот, ки дар пояи коркарди амиқи ашёи хоми маҳаллии ба ҳадди аксар бойи табиӣ асос ёфтааст, неру гирифтааст.

Таҳқиқи неруи захиравии соҳаҳои саноати вазнини мамлакат дар бораи имкониятҳои калони рушди гидроэнергетика, металлургияи ранга, химия, саноати маҳсулоти сохтмонӣ, коркарди санг гувоҳӣ медиҳад.

Конҳои мавҷуда ва кашфи маъдани оҳан имконияти воқеии ташкили пояи боэътимоди металлургияи сиёҳ дар Тоҷикистон, ба ҳадди ақал аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро фароҳам сохтааст, ба рушди соҳаи мошинсозӣ ва коркарди металл, ки солҳои қаблӣ зарар дида буд, мусоидат намудааст.

- Мегӯянд, ки замин ин хазина аст, дар ин самт кишварамон аз канданиҳои фоиданок, захираҳои зеризаминӣ ғанӣ буда, дар шароити имрӯз металлҳои қиматбаҳо дар чӣ сатҳ арзиш доранду корҳои ҷустуҷӯӣ дар кадом раванд суръат гирифтаанд?

- Зимнан бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои металлҳои ранга дар ҷаҳон ва байни давлатҳои ИДМ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Пеш аз ҳама, он ба азхудкунии нефелинусиенитҳои дорои алюминий вобаста аст. Табиати Тоҷикистон аз конҳои симоб ва руҳ низ бой мебошад. Аз ҷиҳати захираҳои сурбу руҳ Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз мақоми пешбарро ишғол менамояд. Захираҳои онҳо дар маҷмӯъ қариб 10 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Аз ҷиҳати захираҳои сурбу руҳ ҷумҳурӣ дар ҷойи дуюм буда, аз ҷиҳати истихроҷ бошад, дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ ҷойи якумро дар байни кишварҳои Осиёи Миёна ишғол менамуд. Хусусан, табиати Тоҷикистон аз конҳои сурмаву симоб бой аст, ки аҳамияти саноатӣ доранд. Аз ҷиҳати захираҳои сурма ҷумҳурии мо дар Осиё (пас аз Хитой ва Таиланд) ҷойи сеюмро ва дар байни давлатҳои ИДМ ҷойи якумро ишғол менамояд. Ғайр аз ин, табиати Тоҷикистон аз захираҳои қалъагӣ ва дигар металлҳои нодир ва ранга бой аст. Дар байни онҳо волфрам металли мушкилгудоз, вазнин ва камёфт ба ҳисоб меравад. Барои рушди минбаъдаи саноати волфрам мақоми махсусро кони Майхура ишғол менамояд.

Захираҳои истисмории он дар ҳаҷми 1744 ҳазор тонна муайян шуда, коркарди кони мазкур барои 60 сол пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин волфрам, молибден яке аз металлҳои мушкилгудоз ва нодиртарин мебошанд. Зиёда аз 75 фоиз молибден ба истеҳсоли пӯлоди ҷавҳардор (легиронидашуда) барои баланд бардоштани устуворӣ, пойдорӣ ва чандирии он истифода мешавад. Металли рангаи қиматбаҳо висмут ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон як қатор конҳои калонтарини тилло ва нуқра муайян карда шудааст.

Имкониятҳои калон барои азхудкунии кони нуқраи “Кони Мансур” вуҷуд дорад, ки захираҳои нуқра аз рӯи категорияи С1ӮС2 зиёда аз 51 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Илова бар ин кон ва зуҳуроти нуқра дар ВМКБ низ ошкор гардидаанд. Аз рӯи ақидаи мутахассисони соҳа ба кор андохтани конҳои нуқра ба ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки дар байни давлатҳои ИДМ ва ҷаҳон яке аз кишварҳои пешрав дар соҳаи истеҳсоли нуқра гардид.

Дар доираи ин афзалиятҳои комил зарур аст, ки ба татбиқи сиёсати саноатии ташаббуссоз, ки дар ташаккул ва рушди низоми ҳавасмандии субъектҳои соҳибкории саноатӣ имконияти васеъ медиҳад, неру бахшид. Ин сиёсат, пеш аз ҳама, дар сатҳи минтақаҳои мамлакат ба хотири эҷоди минтақаҳои саноатӣ, ки аз ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда бармеояд, неру гирад.

Маҳз, рушди соҳибкории истеҳсолии саноатӣ ва афзун гаштани сармояи саноатӣ ангезандаи шаклгирии қишри краетивии ҷомеа тавассути рушди сармояи инсонӣ ва пойдор гаштани тамаддуни индустриалӣ дар кишвар мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh