Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода​ соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати “Прогресс Бизнесиндастр”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо роҳбарии Шуҳрат Тошев ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши робитаҳо баён доштанд.

Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни минтақаҳо тақвият ёфта истодааст ва афзоиши табодули молу маҳсулот ва бунёди корхонаҳои муштарак далели ин гуфтаҳост.

Меҳмонон таъкид карданд, ки роҳбарияти ширкати “Прогресс Бизнесиндастр”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ният дорад дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли равғани растаниро фаъол намояд.

Мавриди зикр аст, ки ширкати мазкур дар вилояти Тошканд ҷойгир буда, ба истеҳсоли равғани тозаи офтобпараст машғул аст. Маҳсулоти корхона асосан ба бозори дохилӣ ва ҷумҳуриҳои Афғонистону Қирғизистон ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар поёни суҳбат изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷонибҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ташкили корхонаи муштарак ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh