Баргузории ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

7 январи соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят дар оғози ҷаласа иброз дошт, ки мардуми тоҷик ҷашни фархундаи миллат – Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамасола ҳамчун муқаддастарин дастоварди таърихи навини худ бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, чорабиниҳои идонаи ҷумҳурияии Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ доир хоҳад шуд. Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди мазкур дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ тақвият ёфта, сохтмони даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Сипас, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба рафти омодагиҳо ба таҷлили шоистаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузориш дод. Қайд карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бунёдкориҳо вусъат ёфта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёди як қатор иншоот, аз ҷумла қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ, мактабу кӯдакистон, меҳмонхонаву биноҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва амсоли ин идома дорад. Тибқи нақша дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар маҷмуъ 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони сохторҳои вилоятӣ барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳо, афзун намудани дастовардҳо, таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар ноҳия наздик 200 иншооти гуногун сохта мешавад ва бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, симои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳия боз ҳам зебо хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh