Мақсад: ТАЪМИН БО МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТ

Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ зиёд гардида, деҳқонони заҳматкаш имрӯз дар заминҳои худ ба кишту кор ва парвариши зироатҳои гуногун машғуланд. Ислоҳоти кишоварзӣ ва соҳиби замин гардидани деҳқон боиси фаровонии бозорҳои вилоят гардид.

Солҳои пеш нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят, бахусус бозори “Панҷшанбе” - и шаҳри Хуҷанд, аз қабили помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот гарон буду боиси кам истеъмол намудани бархе аз сокинон мешуд. Алҳол дар фасли зимистон арзоншавии арзиши нархи сабзавоти тару тоза сокинони вилоятро қаноатманд намудааст. Мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки ҳоло дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус бозори “Фаровон” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Ашроф” - и ноҳияи Ҷаббор Расулов, бозори марказии ноҳияи Спитамен, шаҳрҳои Истаравшану Панҷакент ва бозори “Панҷшанбе” – и шаҳри Хуҷанд нархи як килограмм помидор аз 15 то 16 ва бодиринг бошад, 16 сомонӣ аст, ки ин нисбат ба солҳои пеш фарқияти зиёд дорад.

Ин ҳама фаровонҳосиливу арзонии бозор дар фасли сармо аз ташкил ва хуб ба роҳ мондани гармхонаҳои замонавӣ мебошад. Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди гармхона ва парвариши намудҳои гуногуни сабзавот эътибори ҷиддӣ медиҳанд, ки дар фасли сармо ба дастархони мардум файзи тоза мебахшад. Алҳол дар ноҳия 163 гармхонаи замонавӣ мавҷуд аст, ки дар 15,3 гектари он парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили помидор - 2,7 гектар, бодиринг - 1,9 гектар, лимӯ - 5 гектар, 1,3 гектар дигар намуди сабзавот ва 3,3 гектар гулҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Давоми соли 2019 - ум дар гармхонаҳо 398 тонна сабзавот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2018 - ум 155,4 тонна зиёд аст. Барои тасдиқи гуфтаҳо ва ба хотири аз наздик шинос гардидан бо фаъолияти гармхонаҳо аз Ҷамъияти саҳҳомии кушоди ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дидан намудем.

Тибқи иттилои Ашӯрбой Тоҷиев, кишоварзи ҶСК ба номи С.Ӯрунхоҷаев дар мувозинаи хоҷагӣ се ҳазор гектар замини кишт мавҷуд аст. Дар хоҷагӣ 32 гармхона бо масоҳати 6,34 гектар мавҷуд буда, дар 2,65 гектари он, аз ҷумла помидор – 0, 63, бодиринг – 0,53, лимӯ – 0, 16 ва дар майдони 1, 33 гектар гулҳои ороишии мавсимӣ кишт карда шудааст. Ҳангоми боздид аз якчанд гармхонаи хоҷагӣ аён гардид, ки ҳосили имсолаи помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот хуб буда, охири моҳҳои январ ва феврал пухта мерасад ва онро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо ба фурӯш мебароранд. Равшан Абдуллоев, иҷоракори хоҷагӣ дар се гармхона кишти помидорро ба роҳ мондааст, ки дар охирҳои моҳи январ ба бозори “Панҷшанбе” – и шаҳри Хуҷанд ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳангоми ворид гардиданамон ба гармхона иҷоракор барои нигоҳубин ва додани ғизоҳои лозима ба помидор машғул буд. - Аз хурдӣ ҳамроҳи волидайнам дар замин ба кишту кор машғул будам. Инак, панҷ сол мешавад, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ ба кишту парвариши помидору бодиринг машғулам. Ният дорам, бисёр меҳнат намуда, ҳосили хушсифат ба даст орам ва мардумро бо маҳсулоти тару тозаи худӣ таъмин намуда, бо ин васила зиндагии худро пеш барам, - гуфт зимни суҳбат Равшан Абдуллоев.

Бояд гуфт, ки тухмии помидори киштшуда асосан навъҳои серҳосили ватаниву хориҷӣ буда, он ҳосили хуб медиҳад. Толиб Абдуллоев дар 6 гармхонаи дар ихтиёрдоштааш 0, 54 гектар кишти помидор ва Саидбой Маъруфов дар 7 гармхона ба миқдори 0,8 гектар кишти лимӯ ва 0, 40 гектар гулҳои ороишии мавсимиро ба роҳ мондаанд. Кишоварзони ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ният доранд, ки аз ҳар як гармхона аз 4000 то 4500 - сентнерӣ ҳосили хушсифат ба даст оварда, фаровонҳосилӣ ва танзими нархи бозорро таъмин намоянд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии хоҷагӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки гармхонаҳо бо тарзи замонавӣ бунёд гардида, дар онҳо иҷоракорон машғули коранд. Шумораи умумии иҷоракорони хоҷагии мазкур ба 1800 нафар расидааст. Бино ба иттилои Мухторҷон Тоҷиев, мутахассиси пешбари Сарраёсати кишоварзии вилоят дар вилояти Суғд 440 гармхона мавҷуд аст, ки 270 адади он навъи хитоӣ мебошад. Масоҳати умумии гармхонаҳо 24,92 гектар буда, дар 22,56 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.

 Ҳамасола ба зиёд намудани кишти помидору бодиринг дар гармхонаҳо аҳамияти бештар дода мешавад. Дар натиҷа масоҳати кишти помидор ба 14,47, бодиринг 4,71 ва дигар сабзавот ба 3, 38 гектар расонида шуд. Ба ғайр аз ин, дар майдони 9,55 гектар парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст, ки алҳол нашъунамои хуб дорад. Манбаъ меафзояд, ки то санаи 26 - уми декабри соли 2019 дар гармхонаҳои вилоят 72, 5 тонна помидор, 35,03 тонна бодиринг, 8,8 тонна дигар сабзавот ва 42,7 тонна лимӯ истеҳсол гардидааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки талаботи аҳолӣ нисбат ба сабзавоти тару тозаи ватанӣ дар фасли зимистон зиёд аст.

 Аз ин лиҳоз, масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки барои таъсиси гармхонаҳои замонавӣ ва парвариши сабзавот чораҳои зарурӣ андешида, сокинони вилоятро дар ҳама фасли сол бо сабзавоти хушсифати худӣ таъмин намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,  
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh