Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара

8 январи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кунунии шаҳраки Шӯроб ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят зимни сафар дар толори Литсейи касби техникии саноати кӯҳӣ бо сокинони шаҳраки Шӯроб мулоқот намуда, иброз дошт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба корҳои ободонии шаҳрак таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад. Таъкид карда шуд, ки бо назардошти шаҳраки саноатӣ будани Шӯроб дар гузашта миллату қавмҳои гуногун дар он маскун гардида, дар шаҳрак то 15 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Ҳоло бошад тибқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии аҳолӣ наздик 3000 нафар умр ба сар мебаранд. Яке аз сабабҳои асосии кӯч бастани сокинон набудани оби нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо аҳолӣ обро тавассути нақлиёт дастрас менамояд ва барои мошинҳои обкашон маблағ пардохт мекунад.

Раиси вилоят иброз дошт, ки барои таъмин намудани шаҳрак бо оби нӯшокӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат лоиҳаи махсус татбиқ хоҳад шуд. То татбиқи ин лоиҳа бошад ба сокинони шаҳрак ба таври ройгон об дастрас карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ҳолати кунунии иншооти хусусикардашудаи шаҳракро таҳлил намуда, барои барқарорсозии инфрасохтор тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Дар назди масъулин инчунин барои тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, афзун  гардонидани истеҳсоли ангишт вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дар аснои мулоқот аз тарафи сокинони шаҳраки Шӯроб пешниҳод гардид, ки роҳи мошингарди “Шӯроб-Чоркуҳ” таъмиру барқарор карда шавад. Раиси вилоят пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ арзёбӣ карда, зикр сохт, ки соли равон роҳи мазкур таъмир ва мушкили сокинон бартараф хоҳад шуд.

Раиси вилоят дар идомаи боздиди корӣ ба мактаб – интернати шаҳраки Шӯроб  ташриф оварда, бо фаъолияти муассисаи иҷтимоӣ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар мактаб-интернат 30 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити мактаб-интернат дастур дода, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо тақдим кард.

Сипас, Раиси вилоят ҳолати кунунии беморхонаи шаҳраки Шӯробро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба беморхонаи шаҳрак ҳамарӯза корафтодагон муроҷиат мекунанд ва барои табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид ба роҳбарияти шаҳр супориш дод, ки ҷиҳати ташкили маркази ягонаи гармидиҳӣ дар беморхона ва барқарорсозии шуъбаи таваллуд чораҷӯӣ карда шавад.

Дар поёни сафар Раиси вилоят аз кони ангишти Шӯроб боздид ба амал овард.  Чуноне иттилоъ дода шуд, дар корхонаи истеҳсоли ангишт солона 65 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардида, 400 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Ангишти истеҳсолшуда асосан барои таъмини муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Исфара ва барои қонеъ намудани талаботи сокинон пешниҳод карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh