Дастовардҳо - баёнгари рушди иқтисодӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум!

Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019

Санаи 10 – уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, андозу гумрук ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Ҷаласаи фаъолонро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки мардуми вилоят бо рӯҳбаландӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2019 – ро бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намуданд ва бобати истиқболи сазовори ҷашнҳои бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иди умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ, 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии ғазалсарои маъруф Камоли Хуҷандӣ саъю талоши комил меварзанд.

Дар ҷаласаи фаъолон муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолият дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019 маърӯза намуд. Мавсуф зикр дошт, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи ҳисоботӣ таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии воқеии соҳибкорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.

Дар натиҷа рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 20,5 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 107,3 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,6 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 ба 12 миллиард 888,3 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо дар сатҳи 112,9 фоизи ҳамин давраи соли 2018 таъмин гардид. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ба истиснои шаҳри Исфара суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбати соли гузашта таъмин гардид. Агар 3 сол пеш дар рӯйхати молҳои саноатии дар вилоят истеҳсолшаванда 123 адад номгӯйи маҳсулоти саноатӣ мавҷуд бошад, он гоҳ соли 2019 ин рақам ба 182 номгӯй расонида шуд.

Дар соли сипаришуда дар миқёси вилоят 102 корхонаву коргоҳи нав бо 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 8 миллиард 91,7 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд.

Дар ин давра дар вилоят истеҳсоли пахта 130 ҳазор тонна, сабзавот 494,9 ҳазор тонна, картошка 450,3 ҳазор тонна, полезӣ 127,5 ҳазор тонна, мевагиҳо 150,9 ҳазор тонна, ангур 61,7 ҳазор тонна, гӯшт 58,6 ҳазор тонна, шир 269,2 ҳазор тонна, тухм 429,9 миллион дона, пашм 1516,3 тонна ва асал 1416,5 тоннаро ташкил намудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2019 ба 2042,7 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, ба маблағи 471,1 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот гардид. Дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи ин лоиҳаҳо 215 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2420,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (2404,3 миллион сомонӣ) 15,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҷаласа Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятро дар соли 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бобати масоили пардохти саривақтии андоз, маблағи нерӯи барқ, содироти маҳсулот, ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ, ҳарчи бештар ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, аз ҷумла, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, самаранок истифодабарии заминҳои кишт, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими кишт, бунёди боғҳои интенсивӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои амиқ дод.

Аз ҷумла, Раиси вилоят вазъи зимистонгузарониро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди таҳлил қарор дода, аз ҷой доштани камбудиҳо дар ин самт дар баъзе муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо таъкид дошт. Аз ҷумла, Раиси вилоят аз вазъи пардохти маблағи барқ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Зафаробод, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани 3000 гектар замин дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Спитамен, бо оби нӯшокӣ таъмин набудани баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласа суханронӣ намуда, вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятро дар соли 2019 таҳлили амиқ намуда, аз имкониятҳои иқтисодии вилоят, саҳми соҳибкорони вилоят дар рушди иқтисоди миллӣ ва дастовардҳои саноатчиёну кишоварзон ҳарф зада, дар баробари ин баҳри ислоҳи камбудиву норасоиҳо, ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам баланд ва саҳми бештар гузоштан дар таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат фикру андешаҳои худро иброз дошт.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, роҳбарони як қатор идораву сохторҳои вилоятӣ пурсиш ба амал оварда, роҳбарону масъулинро вазифадор намуд, ки бобати вусъати корҳои созандагию ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус коргоҳҳои саноатӣ, коркарди нахи пахта, содироти бештари маҳсулот ва дигар масъалаҳои муҳим корбарӣ намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласаи фаъолон натиҷаҳои озмуни вилоятӣ оид ба ҷамоату шаҳрак ва кумитаи маҳаллаи беҳтарин ҷамъбаст гардид.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат ва Раиси вилояти Суғд ба ғолибони озмун Диплом ва мукофоти пулиро, аз ҷумла, ба кумитаи маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон ва Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен тақдим намуданд.

 Мухтори Абдулло,
 “Ҳақиқати Суғд”


 

 

Add comment


Security code
Refresh