Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд

13 январи соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ  ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти бунёди иншооти гуногун шинос гардиданд.

Қоҳир Расулзода ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара аз Ҷамоати шаҳраки Шӯроб боздид намуда, бо вазъи иҷтимоии сокинони шаҳрак ошно шуданд. Дар аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон проблемаи норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак ҳал гардида, дар ояндаи наздик беморхона, мактаб ва кӯдакистони Шӯроб таъмиру навсозӣ карда мешавад.

Сипас, дар ҳузури Сарвазири мамлакат лоиҳаи обёрии шаҳраки Шӯроб муаррифӣ гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар асоси лоиҳа об аз дарёи Исфара ба дарозии беш аз 11 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол дода мешавад. Дар Шӯроб ду ҳавз бо ғунчоиши умумии 5 ҳазор метри мукааб сохта шуда, дар масофаи наздик 6 километр қубурҳо хобонида шудааст. Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насб карда хоҳад шуд.

Дар шаҳри Конибодом Сарвазири мамлакат ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти умумии рақами 7-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод. Бинои мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 600 хонанда дар ду баст сохта мешавад.

Дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд бошад Сарвазири мамлакат бо раванди корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои саноатии бунёдшаванда, ки ба истеҳсоли мех, қубурҳои пластикӣ, профилҳои пластикӣ, телевизиору кондитсионер, коркард ва банду басти асал, коркарди меваи хушк нигаронида шудаанд, шинос шуд. Дар аснои шиносоиҳо зикр гардид, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои саноатӣ даҳҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Зарур шуморида шуд, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда бояд тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Қоҳир Расулзода ҳамзамон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни  корҳои сохтмонии гармхонаи замонавӣ, ки бо усули гидропоникӣ бунёд гардида истодааст, ошно гардид. Гармхонаи типи нав бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров дар масоҳати 2 гектар ва бо истифода аз таҷҳизоти навтарин сохта шуда, барои иҷрои корҳо мутахассисони  дохиливу хориҷӣ ҷалб гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh